Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон ба гирифтани қарз аз хориҷ розӣ шуд


Бинои парлумони Тоҷикистон.

Бинои парлумони Тоҷикистон.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро барои гирифтани қарзҳои нави хориҷӣ пазируфт.

Бинобар он, қарор аст дар се соли оянда кишвар наздик ба 1 миллиарду 600 миллион доллари амрикоии ниҳодҳои молии байнулмилал ва кишварҳои сармоягузорро ба рушди иқтисодиёт дар Тоҷикистон ҷалб кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз ду миллиард доллар ва ё наздик ба 30 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил дода ва аз бюҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2013 барои баргардонидани баҳраи ин қарзҳо 120 миллион доллар ҷудо шудааст. Аз ин ҷост, ки вокуниш ва бархӯрди коршиносон ва соҳибназарон ба барномаи давлатии қарзгирӣ яксону якранг нест.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ки муҳтавои барномаи давлатии қарзгирӣ барои се соли ояндаро тавзеҳ мекард, изҳор дошт, ки Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон.

«имкониятҳои маҳдуди молиявии ҷумҳурӣ барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт» водор мекунад, ки ҳамчунин барнома таҳия ва аз давлат ва созмонҳои молиявӣ қарз гирифта шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Нуралиев, ки аз муаллифони ин барнома аст, ба фарқ аз тарҳҳои пешина, ки бештари қарзҳо ба соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ сарф мешуд, ин навбат наздик ба шаст дарсади қарзҳои нав ба истеҳсолот ҷалб хоҳанд шуд.

Тарҳи қарзҳои нави хориҷӣ дар ҳоле ба тасвиб расид, ки Сандуқи Байнулмилалии Пул аз мизони баланди қарзи берунии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бо ин ҳол Тоҷикистонро метавонад бӯҳрони қарз таҳдид кунад.

Иқтисодшиноси тоҷик Баҳром Шарифов мегӯяд, ки бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши баҳра ва хидматрасонии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон, як миқдоре аз ин қарзҳо, ки дар доираи барномаи нав пешбинӣ шудааст, барои рӯпӯш кардани ин фоиз ва баҳраҳо сарф мешавад. Барои ҳамин ҷаноби Шарифов мегӯяд, беҳтар буд, ки меъёрҳои қарзҳои хориҷӣ то ҳадди имкон пойин бошад ва аз дигар тараф ин маблағҳо бояд барои гардон кардани истеҳсолот сарф шаванд. Вагарна ба гуфтаи вай, вазъи бади бархе аз кишварҳои Амрикои Лотин ва аврупоӣ, ки зери бори гарони қарз ғӯтидаанд, домангири Тоҷикистон хоҳад шуд:

«Итминони комил дорам, ки як қисми онҳо барои баргардонидани қарзҳои пештар гирифташуда бо мӯҳлат ва имтиёзҳои нав ба роҳ монда мешавад. Барои онки давлати Тоҷикистонро нагӯянд, ки аз ӯҳдаи бозгардонидани қарз набаромад, қисме аз ин барнома барои рӯпӯш кардани он қарзҳо равона карда мешавад. Мо фақат метавонем, қарзҳои имтиёзнокро қабул намоем, ки ба иқтисоди Тоҷикистон имкониятҳои бештар медиҳад.»

Аммо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми қарзҳои хориҷии кишварро наметавон нигаронкунанда арзёбӣ кард ва ин маблағҳо, ки аз хориҷа бо кафолати давлат гирифта мешаванд, бо баҳраҳои камтар гирифта шудаанд. Ҷаноби Нуралиев ба саволи радиои «Озодӣ», ки қарзи давлати Чин барои сохтмони роҳи Душанбе-Чанак бо баҳраи аз меъёр зиёд гирифта шудааст, посухи рад дод:

«Не, ин гап нодуруст аст. Он қарзҳое, ки мо ба воситаи Эксимбонки Хитой ҷалб менамоем, ҳамаи қарзҳои он як шарт дорад. Яъне бо ду фоизи солона. Вақте ки мо маблағро ҷамъ мекардем, дар солҳои 2006-2007 имтиёзнокии онҳо то панҷ сол буд. Ҳозир мо талош кардем ва давраи имтиёзнокии онҳоро то 9 сол дароз Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

кардем. Қарзҳое, ки аз Эксимбонки Хитой ҷалб карда мешавад, ин қарзҳоро аз дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба ин суръат вусъат бахшидани сохтмонҳо ғайриимкон аст.»

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик ҷалби зиёдтари қарзи хориҷӣ ба иқтисоди кишварро роҳи дуруст ва муносиб намеҳисобад. Вай мегӯяд, давлат бояд талош варзад, ки роҳи сармоягузории мустақимро ба арсаҳои ҳаётан муҳим ҳамвор созад. Дар ғайри сурат, маблағҳо барои хариди ашё ва ё таҷҳизот боз ҳам ба хориҷ аз кишвар мераванд, вале пардохти баҳраи ин қарзҳо иқтисоди бе ин ҳам сустро заифтар хоҳад кард: «Вақте шумо муваффақ ба ҷалби инвеститсия мешавед он биноҳо, иншоотҳо, мошинҳо, дастгоҳҳое, ки шумо месозед ба кор меандозед, онҳо баргашта намераванд. Аммо қарзро бояд баргардонӣ. Ва вақте давлат аз ӯҳдаи ҷалби инвеститсияҳо ба миқдори зиёд баромада наметавонад ва ба Тоҷикистон вазъи овардани инвеститсияҳои мустақими хориҷӣ хеле паст аст, давлат маҷбур мешавад, ки қарз бигирад»

Бо ин ҳама дар шумори созмонҳои молиявӣ, ки дар доираи барномаи қарзгирии давлат барои солҳои 2013 ва 2015 ҷой гирифтааст ҳиссаи бештар ба Бонки содироту воридоти Чин тааллуқ дорад, ки 830 миллион долларро дар бар мегирад. Ин дар ҳолест, ки сармояи Чин дар Тоҷикистон аз 1 миллиард доллар бештар шуда, коршиносон Чинро тақрибан ягона сармоягузори асосии Тоҷикистон меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG