Пайвандҳои дастрасӣ

СПАД дар соли 2015 зери раҳбарии Тоҷикистон хоҳад буд


Яке аз нишастҳои охири Владимир Путин, президенти Русия бо аъзои шӯрои СПАД дар Маскав. Ноябри соли 2014

Яке аз нишастҳои охири Владимир Путин, президенти Русия бо аъзои шӯрои СПАД дар Маскав. Ноябри соли 2014

Дар нишасти ҷамъбастии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав рӯзҳои 22 ва 23 декабр раҳбарии давраии ин созмон ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

Рӯзҳои 22 ва 23 декабр дар шаҳри Маскав баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии фаъолиятҳои ин созмон дар соли 2014 бо ҳузури президентон, вазирони умури хориҷӣ ва дифои кишварҳои узви СПАД -- Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои узви ИДМ ё Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар назар аст. Бадриддин Мирзоев, намояндаи Тоҷикистон дар СПАД дар шаҳри Маскав дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи душанбе нахуст натиҷагирии кори солонаи ин созмон дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ, вазирони дифоъ ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узв дар назар аст ва рӯзи сешанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ бо ширкати президентони кишварҳои узв баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин нишаст, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар барномаи нишасти вазирон баррасии роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва кӯмак ба марзбонони тоҷик, ҳамкориҳои дигари ҳарбию техникӣ дар миёни кишварҳои узви ин созмон дар назар аст. Инчунин дар нишасти вазирон баррасӣ ва қабули стратегияи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир барои солҳои 2015-2020 пешбинӣ шудааст. Яке аз масъалаҳои дигари ин нишаст, ба таъкиди Бадриддин Мирзоев, омода кардани кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар ҳудуди кишварҳои узви СПАД хоҳад шуд.

Ниҳоят ин нишаст бо эълони ба Тоҷикистон гузаштани масъулияти раҳбарии давраии СПАД дар соли 2015 хотима меёбад. Дар ин замина, қарор аст шоми 22 декабр, баъди натиҷагирии нишасти вазирони хориҷаву дифоъ дар нишасти матбуотии муштараки дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳороти расмӣ пахш шавад.

Бино бар низомномааш ҳар кишвари узв бо навбат як сол ба он раҳбарӣ мекунад. Пеш аз ин ҳам Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узв чанд дафъа ба СПАД сарварӣ кардааст. Бо вуҷуди раёсати давраи кишварҳои гуногун гуфта мешавад, хатти маши ин созмонро тақрибан ҳамеша Маскав муайян мекунад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ – як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомил мебошанд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи майи соли 1992 бо узвияти ҳамин ҷумҳуриҳо ва инчунин се ҷумҳурии дигар - -Ӯзбакистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ташкил шудааст. Вале бо анҷоми мӯҳлати амали ин паймон ва таҳрири номи он ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Тошканду Бокуву Тифлис нахостанд ҳузури худро дар ҳайати ин созмон тамдид кунанд.

Ӯзбакистон дар соли 1999-ум, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро тарк кард. Дар соли 2001-ум Тошканд ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Амрико дар Хонободи Қаршӣ ризоият дод, вале пас аз сардӣ дар равобиташ бо Вашингтон зимни саркӯби хунини тазоҳуркунандагони Андиҷон дар соли 2005-ум ин пойгоҳро баст ва дубора рӯ ба Маскав овард. Соли 2006-ум СПАД Ӯзбакистонро аз нав ба узвият пазируфт, аммо ин кишвар дар соли 2012 дигарбора аз он хориҷ гашт.

Яъне мносибатҳои Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун будааст. Узбакистон ҳатто аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи се-чаҳор соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла, Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат карда буд. Узбакистон ба ҳайси кишвари узви СПАД қариб ҳамеша тамринҳои дастаҷамъии созмонро сарфи назар кардааст ва дар машқҳои моҳи равон дар канораҳои Хуҷанд, аз вуруди техникаи ҳарбии Қазоқистон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.

СПАД, ки бо ташаббуси Русия ташкил шудааст, талош дорад ин созмони низомиро ба унвони як ташаккули рақиб бо НАТО дар минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ кунад. Соле чандин бор дар қаламрави кишварҳои узв тамринҳои низомӣ баргузор шуда, раҳбарони ин кишварҳо барои ҳамоҳанг кардани сиёсатҳои худ сарҷамъ мешаванд. Мақсади ин созмон, тавре дар оинномааш ҳам таъкид шудааст, ҳифзи манфиатҳои иқтисодиву ҳудудии кишварҳои узви минтақа бо ҷалби нирӯҳои мусаллаҳи ин кишварҳо мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG