Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон сар аз аввали моҳи июн то моҳи сентябр аз Тоҷикистон 225 миллион киловатт/соат нерӯи барқ харидорӣ хоҳад кард.

Бинобар иттилои Оҷонсиии давлатии идораи комплекси маводи сӯхт ва энержии Қирғизистон, ин кишвар хариди барқро аз Қазоқистон ба далели гарон буданаш қатъ карда, хариди барқро аз Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Қирғизистон то ба ҳол аз нерӯгоҳи "Экибастуз"-и Қазоқистон як киловат/соат нерӯи барқро бо қиммати 3, 38 сом ва ё 5,7 сенти амрикоӣ харидорӣ мекардааст.

Аммо ба иттилои ин оҷонсӣ, Қирғизистон бо Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд, ки як киловатт/соат нерӯи барқро аз Тоҷикистон бо нархи арзонтар 2,15 сом қирғизӣ ва ё 3,7 сентӣ харидорӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистон пешниҳоди Қирғизистонро дар масъалаи харидории ҳар киловатт-соат нерӯи барқи кишвар ба қимати 2 сенти амрикоиро рад карда буд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти кишвари ҳамсоя хостааст, ба ҳар киловатт-соат нерӯи барқаш севуним сентӣ пардохт намояд. Сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" афзуд, "онҳо хуб медонанд, ки дар фасли тобистон мо барқи зиёдатӣ дорем, аз ин рӯ нархро арзон карданӣ шуданд. Вале мо ризоят надодем. Гуфтем, агар бихоҳанд севуним сентӣ пардохт кунанд. Онҳо дар посух гуфтанд, фикр мекунем ва рафтанд."

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон сари нархи нерӯи барқ дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Вазорати энержӣ дар фасли тобистон маҷрои дарёи Вахш ба 2 ҳазор метри мукааб об дар як сония мерасад. Аммо барои тавлиди нерӯ танҳо 700 кубометри он сарф мешаваду бас.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар фасли тобистон аз обанборҳояш баробари 4,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ обро бидуни тавлиди он партоб мекунад. Ин аст, ки кишвар талош дорад нерӯи барқи изофиашро ба ҳамсоякишварҳо фурӯшад дар фасли тобистон.

Соли гузашта Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба Қирғизистону Афғонистон 1,3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ фурӯхта буд. Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро бештар кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG