Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Тоҷикистон ба Иттиҳоди Авруосиё: "меоем, аммо дертар"


Муносибати Тоҷикистон ба узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ин ҳафта борҳо аз забони сиёсатмадорони сатҳи олии Тоҷикистон садо дод ва пурсишҳои гуногунеро ба миён овард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи «New Europe» дар Бруссел, ки дар торнамои вазорат нашр шудааст, гуфт, кишвараш барои узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИА) шитоб надорад. Ин дар ҳолест, ки Русия, Беларус ва Қазоқистон аъзои бунёдгузори ин эътилоф буда, аввали моҳи октябри соли равон Арманистон созишномаи вуруд ба онро имзо кард.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҷаноби Аслов гуфтааст, Тоҷикистон бо назардошти бархе аз масъалаҳои муҳим алҳол масъалаи узвияти худро дар ин иттиҳод баррасӣ намекунад. Вай афзудааст: “Пеш аз ҳама мавқеи ҷуғрофиёии кишвари мо ва ҷойгиршавии ноқулаи масирҳои иртибототӣ ва нақлиётӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Авруосиё дар заминаи набудани марзҳои муштарак, сипас уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва зарурати ҳамоҳангӣ дар чаҳорчӯби он ва, ниҳоят, пайомадҳои ин узвият барои иқтисоди шиканандаи мо аҳамияти бузург хоҳанд дошт. Омӯзиши дақиқ ва ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо вақти муайянеро талаб мекунад.”

Ин изҳороти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан як ишораи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расонаҳои ахбори оми Русия ҳамчун эълони омодагӣ ба узвият дар ИИА шарҳ дода шуд. Ҳол он ки ҷаноби Раҳмон низ чизе беш аз он ки ҳукуматаш зарурат ва пайомадҳои узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро меомӯзад, нагуфта буд. Рӯзи панҷшанбеи 23-юми октябр раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко гуфт, Тоҷикистон усулан тарафдори ҳамгироист, аммо баъд аз як силсила гуфтушунидҳо ба узвият дар ИИА ариза хоҳад дод. Яъне, боз ҳам паём ин аст, ки “мехоҳем, вале дертар”.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия

Ишораи як мансабдори дигари давлати Тоҷикистон метавонад то ҷое ин “бешитобӣ”-ро шарҳ диҳад. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо нашрияи бритониёии “Financial Times” гуфт, кишвараш барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармояи Чин ниёз дорад. Бо вуҷуди лабони хандон ва чеҳраҳои шукуфони президентҳои Русия, Беларус, Қазоқистон ва Арманистон ҳангоми имзои санадҳои таъсиси иттиҳоди нав ҳар яке аз ин кишварҳо, ба истиснои Русия бо миқдори муайяни изтиробу нигаронӣ вориди эътилоф шуданд. Пас аз Қирғизистон эҳтимол навбат ба Тоҷикистон мерасад.

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров мегӯяд, Тоҷикистон ҳамеша ба ҳамгироӣ ва узвият дар тарҳҳои инегратсионӣ омода буда, дар 18 соли охир қонунҳои худро ба қонунгузории ИДМ ва Итиҳоди Гумрукӣ ҳамсон кардааст ва вобастагии зиёде ба Русия дорад. Миллионҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва қисме ҳам дар Қазоқистон кор мекунанд ва пули онҳо якҷо бо маводи нафтии Русия ва Қазоқистон дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми бузург доранд. Аммо тарафи манфии узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ба ақидаи ҷаноби Вазиров, тағйир ёфтани боҷҳои гумрукист, ки ба буҷаи кишвар зарбаи сахте хоҳад зад ва ҳам анвои воридот тавлиди дохилиро шикаст хоҳад дод.

Ба эҳтимоли зиёд, гуфтушунид ва омӯзиши равандҳо, ки сиёсатмадорони тоҷик ёдовар мешаванд, бештар ба ҳалли ҳамин масъалаҳо пайванд дорад ва мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, Маскав зарарҳои молии ин кишварро аз узвияташ дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҷуброн кунад. Ба вижа, ки намуна дар миён аст. Маскав ба Қирғизистон барои омода кардани зербинои заруриии узвияти ин кишвар дар ИАА 500 миллион ва барои таъмини эътидоли иқтисодӣ дар ин кишвар дар давраи вурудаш ба иттиҳод 1,5 миллиард доллар ваъда кардааст. Рӯзи 21-уми октябр мақомоти Қирғизистон гуфтанд, тамоми талошро хоҳанд кард, ки кишварашон то 1-уми январи соли 2015 ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё пазируфта шавад. Аммо як масъули вазорати иқтисоди Қирғизистон дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин маблағҳои ваъдагӣ Бишкек аз Маскав то ҳоло як доллар ҳам нагирифтааст.

Владзимир Матскевич, сиёсатшиноси беларус
Владзимир Матскевич, сиёсатшиноси беларус

Сиёсатшиноси беларус Владзимер Матскевич мегӯяд, узвияти кишварҳои пасошӯравӣ дар созмони нави раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, як амали “ихтиёрӣ/маҷбурӣ” аст ва чунин талошҳои Маскав сабаби ҷангу ноамнӣ дар Украина шуд. Намунаи Украина Қазоқистон ва дигар кишварҳоро нигарон кард. Ба ақидаи Матскевич, нисбати Арманистон фишору таҳдид ба кор рафт: “Маскав атрофи масъалаи Қарабоғ ва фурӯши аслиҳа ба Озарбойҷон бозӣ кард ва эҳтиёҷи шадиди Арманистонро ба маводи сӯхт истифода бурда, бо шантажи он ки нархи газро барои Арманистон баланд хоҳад кард, нагузошт, ки Ереван созишномаи омодашудаи ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупоро имзо кунад.”

Ҷаноби Матскевич дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт, шеваи амале, ки дар мавриди Гурҷистону Украина натиҷа надод, дар Арманистон ба ҳадаф расид, вагарна тарҳи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё барои кишварҳои пасошӯравӣ ҷаззоб нест, зеро як тарҳи бештар идеологӣ, бофта, хом ва ҳисобнашуда ё худ “як иттиҳоди эгоистҳост”, ки ҳар кадоми онҳо аз ин эътилоф манфиатҳои хоси худро меҷӯяд.

Дар ҳамин замина таҳлилгари озарбойҷонӣ Ирина Ҷорбенадзе дар маҷаллаи “Контакт” менависад, ки Озарбойҷон мумкин аст, дар ивази ваъдаи бозгардони Қарабоғ пешниҳоди Маскавро барои узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё бипазирад. Ба ақидаи ин коршинос, Боку аз он низ ҳарос дорад, ки Ғарб хостори як инқилоби ранга дар ин кишвар аст. “Ба ҳар тартиб танҳо рӯйдодҳои форс-мажорӣ ё замонати эҳёи тамомияти арзӣ Озарбойҷони худкифо ва коршарик бо Туркияро метавонад ба самти ҳамгироӣ бо Русия таҳрик диҳад,” – хулоса кардааст хонуми Ҷорбенадзе.

Дар робита ба кишварҳои дигари минтақа, коршинос Владзимер Матскевич мегӯяд, Узбакистон ва Туркманистон ҳеч гуна тававҷҷӯҳе ба ин иттиҳод нишон надодаанд ва ба эҳтимоли зиёд барои он низ сарнавишти иттиҳоду эътилофҳои қаблиро ҳадс мезананд, ки оқибаташон заъф, камрангӣ ва корношоямӣ буд. Вале таҳлилгарони дигар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро як эътилофи бештар ҳарбӣ мешуморанд, ки бояд суботу амнияти аъзои онро дар даврони фурӯ рехтани "ҳуқуқи байнулмилал" таъмин намояд. Владимир Кравтсов, таҳлилгари рус мегӯяд, мумкин аст, аз лиҳози иқтисодӣ ин созмон дар баробари Чин ё Иттиҳоди Аврупо ва Амрико кӯтоҳ ояд, аммо ҷанбаи ҳарбии он дар ҷои аввал хоҳад буд. Ин коршиноси наздик ба Кремлин ишора мекунад, ки тамринҳои ҳарбии кишварҳои узви ин ниҳод ба зудӣ дар марзҳои Аврупои Ғарбӣ, Озарбойҷон ва Украина ҷараён хоҳанд ёфт ва бо рафтани амрикоиҳо аз Афғонистони ҷангзада Тоҷикистону Қирғизистон худ “давдавон” дари ин иттиҳодрo хоҳанд кӯфт.

XS
SM
MD
LG