Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кока-Колаи туркӣ ба Тоҷикистон меояд


Душанбеву Анқара чаҳор санади нави ҳамкорӣ ба тасвиб расониданд, ки бар асоси он ҷониби Туркия дар Тоҷикистон бо маблағи 122 миллион доллари амрикоӣ се корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад кард.

Ин санадҳо ба дунболи нишасти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия, ки рӯзи 17-уми декабр бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қуния баргузор шуд, ба имзо расид.

Бар пояи яке аз ин санадҳо, ки миёни Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон ва ширкати Кока-Колаи Ичечек ба тасвиб расид, дар назар аст, як корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногун ба маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон бунёд ёбад.

Тибқи як санади дигар, ширкати Туркмолли Туркия бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе як Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо бунёд хоҳад кард. Бар асоси созишномаи дигари ҳамкорӣ миёни ширкати Фаровони Тоҷикистон ва ширкати туркии Дегирменчи Кардешлар, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори шабонарӯзии 150 тонна маҳсулот ва анбори ғалла бо ғунҷоиши 18 ҳазор тонна бунёд хоҳад ёфт. Барои бунёди ин корхона 2 миллион доллари амрикоӣ харҷ мешавад.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба имкониятҳои фаровони то ба ҳол истифоданашуда миёни ду кишвар дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг ва маориф таъкид кардааст. Ба манзури таҳкими робитаҳо дар пешбурди самтҳои стратегии ҳамкориҳо миёни ду кишвар, Шӯрои ҳамкорӣ таъсис шудааст, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба дӯш доранд.

Туркия яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта ва ҳаҷми мубодилаи молу коло миёни ду кишвар дар соли 2011 зиёда аз 600 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2010 беш аз 180 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Тибқи иттилои манобеи расмӣ, ҳамакнун дар қаламрави Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки умдатан дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолият менамоянд. Теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
XS
SM
MD
LG