Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон дубора ба Душанбе васл шуд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳаракат дар роҳи стратегӣ ва ҳаётии Душанбе-Хоруғро барқарор кардаанд ва интиқоли молу коло ба вилояти Бадахшон аз сар гирифта шудааст.

Рӯзи 12 май бар асари борони сел дар минтақаи Гулдара дар ноҳияи Дарвоз пули калони шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ вайрон шуд ва вилояти Бадахшонро бо 230 ҳазор аҳолиаш дар инзивоъ қарор дод. Аловиддин Афғонов, раиси ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз рӯзи 17 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳсозон баъд аз панҷ рӯз роҳи муваққатиеро барои ҳаракати мошинҳои борбар боз карданд ва равуо аз тариқи ин роҳ шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, сел 200 метр аз қитъаи роҳро бо пул вайрон кард ва ҳоло таъмири роҳ идома дорад, вале маълум нест, кай роҳ мисли пешина мумфарш ва мустаҳкам мешавад. Ба гуфти мақомоти Вазорати нақлиёт, худи вазир Шералӣ Ганҷалзода барои назорат бар корҳо ва ошноии наздик ба маҳалли ҳодиса ба ноҳияи Дарвоз рафтаанд.

Роҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ яке аз роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ аст, ки Тоҷикистонро аз тариқи Бадахшон ба Чин мепайвандад ва қатъи равуо дар ин роҳ ҳатман сабаби болоравии қимати молу коло чӣ дар Бадахшон ва чӣ дар маркази Тоҷикистон мешавад.

Рӯзона садҳо мошини пурбор аз марказ ба Бадахшон ва ё аз Чин аз тариқи ҳамин роҳ ба дигар манотиқи Тоҷикистон мераванд. Баъди вайрон шудани пул дар ин роҳ даҳҳо мошини пурбор дар яке аз истгоҳҳои наздики шаҳри Кулоб ҷамъ шуданд ва ронандагони зиёде мунтазири боз кардани роҳ буданд.

Тамбаи мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Боду боронҳои сел аз аввали моҳи май то кунун дар Тоҷикистон хисороти зиёде ворид кард ва чандин пули хурду миёна дар ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин) низ аз байн рафтанд ва чандин русто дар ин ноҳия дар инзивоъ ва бероҳ мондаанд.

Бар асоси иттилои расмӣ, дар натиҷаи селу боронгариҳо дар саросари кишвар тахминан 18 000 нафар мустақиман зарар диданд ва дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ камаш чаҳор нафар ҳалок шуданд.

Сел ба 2000 хона, 800 гектар замини кишт осеб расонд, чорвои мардумро аз байн бурд ва ба мактабу муассисаҳои дигари иҷтимоӣ низ зарар расонд. Садҳо нафар аз мардуми осебдида мӯҳтоҷи ёриҳои фаврӣ ҳастанд ва хатари хуруҷи бемориҳои сироятӣ низ аз эҳтимол дур нест.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки арзёбии саросарии хисорот аз фалокатҳои табиӣ идома дорад ва ба осебдидагон кӯмакҳои аввалия, аз ҷумла либосу маводи ғизоӣ ва оби пок тақсим карда мешавад. Ҳарчанд баъзе аз сокинони минтақаҳои осебдида дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки касе ба кумаки онҳо наомадааст.

Тоҷикистони кӯҳистонӣ як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ ба мисли селу обхезӣ ва заминларза аст ва солона даҳҳо нафар бахусус дар селу обхезӣ ҳалок мешаванд ва ҳазорон нафари дигар молу хонаҳояшонро аз даст медиҳанд.

XS
SM
MD
LG