Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олӣ: "Низомхон Ҷӯраевро аз мақомоти тафтишотӣ пурсед" (ВИДЕО)


Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ.

Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки сарнавишти Низомхон Ҷӯраевро бояд аз мақомоти тафтишот пурсид, на аз Додгоҳи Олӣ. Оҷонсии зидди фасод ва вакили ин соҳибкор аз куҷо шудани ӯ изҳори бехабарӣ мекунанд.

Нусратуллоҳ Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар посух ба суоли хабарнигори Озодӣ, ки мақомот дар бораи соҳибкори нопадидшуда Низомхон Ҷӯраев чӣ медонанд?, гуфт, ки ин суолро бояд бо мақомоти тафтишот матраҳ кард. Зеро ба гуфтаи ӯ, Низомхон Ҷӯраев дар тафтишоти пешакӣ қарор дошт ва масъулияташ низ бо мақомоти тафтишот аст.

Аммо як намояндаи аршади Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки масъулияти таҳқиқи парвандаҳои Низомхон Ҷӯраевро бар ӯҳда дошт, рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ дар посух ба иддаои раиси Додгоҳи олӣ гуфт, аслан макони буду боши Низомхон Ҷӯраев маълум нест ва муфаттишони ин Оҷонсӣ дастур гирифтаанд, ки ӯро пайдо кунанд. Ба гуфтаи ин мақом, ҳатто қарори додгоҳ барои пайдо кардани Ҷӯраев содир шудааст, "аммо то ҳол маълум нест, ки ӯ куҷо шудааст."

Вакили дифои Низомхон Ҷӯраев - Бахтиёр Насруллоев - низ ба Озодӣ гуфт, аз куҷо шудани муваккилаш хабаре надорад.

Парвандаи Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, ки ба сирқати маблағҳои давлатӣ муттаҳам шудааст, бояд рӯзи 18-уми июн баргузор мешуд, аммо ба сабаби ҳозир нашудани ӯ, додгоҳ доир нашуд. Маълум шуд, ки Ҷӯраев баъди гирифтани даъватномаи додгоҳ аз манзиле ки дар Душанбе ба сар мебурд, "ба самти номаълум" ғайб задааст. Ба дунбол, Додгоҳи олӣ қарори худ дар барои маълум кардани ҷои зисти Ҷӯраевро ба вазорати корҳои дохилӣ фиристод, вале то кунун ҳеҷ маълумоте дар бораи Низомхон Ҷӯраев пешниҳод нашудааст.

Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев то соли 2007 соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ва молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар Исфара буд. Дар интихоботи соли 2005 ба вакилии Маҷлиси вилояти Суғд низ интихоб шуда буд. Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва мудири пешини корхонаи кимиёвии Исфара дар соли 2007, замоне ки маҷлиси вилоятӣ масъалаи лағви дахлнопазирии вакилии ӯро баррасӣ мекард, бо фирор аз толори маҷлис билофосила тарки Тоҷикистон кард.

Баъд аз фирори ӯ аввал ба Дубай ва сипас Маскав, мақомоти Тоҷикистон зидди Ҷӯраев ва наздикони ӯ чандин парванда кушода, ин гурӯҳро ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ҳатто дар чандин куштор, аз ҷумла қатли муовини собиқи додситони кулли Тоҷикистон Толиб Бобоев дар соли 1999 айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 31 нафарро дар чаҳорчӯби ин парванда, ки ҳамчун “парвандаи исфарагиҳо” ном баровард, ба мӯҳлати аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон карда, худи Низомхон Ҷӯраевро дар пайгарди байналмилалӣ қарор дод.

Низомхон Ҷӯраев моҳи августи соли 2010 бо дархости мақомоти Душанбе дар Маскав боздошт ва моҳи апрели соли 2012, баъди якуним сол раҳо шуд. Аммо баъди чанд рӯзи раҳоияш ӯ ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд ва тавассути телевизиони давлатӣ эълон кард, ки худаш баргаштааст, то бегуноҳиашро дар назди тафтишот собит кунад. Баъди ин бар асоси шаҳодатҳои Ҷӯраев чандин мақоми баландпояи Оҷонсии зидди фасод ва додситонии кулл, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи исфарагиҳоро бар ӯҳда доштанд ва қозии ин парванда - додраси Додгоҳи олӣ Нур Нуров ба масъулият кашонда шуданд. Соҳибкори шинохта Зайд Саидов низ як сол пеш аз ҷумла бар пояи шаҳодати Ҷӯраев, ки гуфт, ба ӯ дар замоин вазири саноат буданаш корхонаи "Тоҷикатлас"-ро пора додааст, боздошт шуда буд.

Дар шаш моҳ 38 нафар маҳкум ба зиндон шудаанд

Тибқи иттилои масъулони Додгоҳии Олии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 38 нафар маҳкум ба зиндон шудааст. Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 14 июн зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар нимаи нахусти соли ҷорӣ гуфт, ки дар ин муддат аз 30 парвандаи ҷиноятии баррасишуда, 27 парванда нисбати 45 нафар бо баровардани ҳукми айбдорӣ, анҷом шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллозода, аз 45 маҳкумшудагон ба 38 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба 5 тани дигар ҷазои ҷарима, нисбат ба 1 нафар ҷазои корҳои ислоҳӣ таъин гардида ва ба 1 тани дигар ҷазои шартан татбиқ шудааст."

4 нафар барои қочоқи инсон

Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ чор парвандаи марбут ба хариду фӯруши одамон нисбати шаш нафар баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи Нусратулло Абдуллозода, ҳамаи ин парвадаҳо нисбати занон баррасӣ ва ҳукми додгоҳ содир шудааст.

17 нафар ифротгаро

Ҷаноби Абдуллозода гуфт, ки дар ин муддат 10 парванда нисбати 17 нафар барои терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ ва ҳукм содир шудааст. Вай гуфт, ки масъалаи нигаҳдории онҳо вобаста ба шахсият аст ва додгоҳ муқаррар мекунад, ки ин афрод дар кадом низом нигаҳдорӣ шаванд.

Арзу шикоятҳо кам шудааст

Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли ҷорӣ арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба ин ниҳод дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19, 5 дар сад камтар шудааст.

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Абдуллозода, дар ниммолаи аввал 1279 арзу шикоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 311 адад камтар аст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG