Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рублҳои фиристодаи муҳоҷиронро бо сомонӣ пардохт мекунанд


Бар асоси дастури нави Бонки миллӣ пулҳои интиқолие, ки бо рубли русӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ба соҳибонашон бо сомонӣ пардохта хоҳанд шуд.

Бар асоси дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои интиқолие, ки бо рубл аз Русия ба кишвар ворид мешаванд, ба соҳибонашон бо пули миллии сомонӣ дода хоҳанд шуд. Як манбаи Озодӣ дар Бонки миллӣ рӯзи 3 феврал гуфт, "ин тадбир ба шахсони воқеӣ, ки дар бонкҳо ҳисоб надоранд, рабт дошта, аммо ба пули ширкату корхонаҳо дахл надорад."

Манбаъ таъкид кард, ин дастур, инчунин, ба асъори хориҷие чун доллар ва евро рабт надоштааст. Дар зимн, дар дастури нави Бонки миллӣ аз созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои қабули пул тақозо шудааст, ки шурӯъ аз 2 феврал рублҳои воридшудашро ба соҳибонашон бо пули миллии сомонӣ бидиҳанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ин иқдом бо ҳадафи боло бурдани қурби пули миллӣ ва иҷрои моддаи 340-и Кодекси граждании Тоҷикистон дар мавриди истифодаи пули миллӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар дохили

кишвар сурат гирифтааст. Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат хоста буд, ки тамоми амалиёти харидуфурӯш дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ сурат гирад.

Аммо ин иқдом хонаводаи бархе аз муҳоҷиронро, ки пули фиристодаи наздиконашонро бо рубли русӣ гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ онро бо қимати барояшон мувофиқ иваз мекарданд, нигарон сохтааст. Онҳо мегӯянд, ки чунин бархӯрд зарбаи дигар ба ҷайби бе ин ҳам холии онҳо ва наздикони муҳоҷирашон дар Русия аст.

Парвиз, як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, гуфт, ки ҳар моҳ аз наздиконаш даҳ ҳазор рубл дарёфт мекунад ва асосан ин дороии кӯчакашро бо асъори миллии Русия нигоҳ медорад. “Баъзе вақт мешавад, ки ҳазор рубли русӣ ба 100 сомонӣ баробар мешавад. Баъзан то ба 110 ё 112 мерасад. Кӯшиш мекунам, дар лаҳзаҳои қиматияш онро иваз карда, ба фоидаи хонавода истифода барам. Ҳар дирамаш ғанимат аст ва ин пули бедардимиён нест,” -- гуфт ӯ.

Ҳоло ҳазор рубли русӣ 100 сомонӣ қимат дорад. Дар соли 2014 ҳазор рубли русӣ то 150 ва аз он бештар қимат дошт, аммо дар оғози соли 2015 якбора то 65 сомонӣ поин фаромада ва ҳанӯз ҳам натавонистааст

Ҳоло тамоми саррофиҳо баста шудаанд

Ҳоло тамоми саррофиҳо баста шудаанд

қоматашро рост бикунад. Дастури нави Бонки миллӣ дар мавриди бо сомонӣ гирифтани рублҳои фиристодаи муҳоҷирон дар ҳолест, ки қаблан ҳамин ниҳод иваз кардани доллари Амрико дар берун аз ҳудуди бонкҳо ва созмони қарздиҳиву нуқтаҳои интиқоли пулро манъ карда, ба дари ҳамаи саррофиҳо қуфл зада буд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода - раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ дар як нишатси хабарӣ гуфт, ин ниҳод ҳамроҳ бо идораҳои дигари давлатӣ тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардаанд, ки барои мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мусодираи асъор ва 9 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. “Дар Кодекси пешина мусодираи асъор набуд. Ҳоло ҷорӣ мешавад. Агар сарроф ғайриқонунӣ мубодилаи асъор кунад – дар мағоза, дар бозор – дар сурати ба даст афтоданаш, маблағҳои ӯ пурра мусодира карда мешавад. Ҷаримаҳо то 10 баробар боло бурда мешаванд,” – таъкид кард ӯ.

Ахиран дар як пурсиши сарироҳии Озодӣ дар ин бора, ки сокинон оё пулҳои худро бо сомонӣ захира мекунанд, доллар ё рубли русӣ? бисёре аз онҳо гуфтанд, ки агар пули кофӣ медоштанд, бо сомонӣ пасандоз хоҳанд кард. Бархеи дигар доллар ва як гуруҳ рублро писандиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG