Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромад бар сари аҳолӣ як зина боло рафт


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар чанд соли пеш сатҳи миёнаи даромад бар сари аҳолӣ ба 400 доллар баробар буд, акнун ин рақам ба 1000 расидааст.

Сатҳи миёнаи даромад як шохиси муаянкунандаи вазъи иқтисодӣ аст, ки акнун ба гуфтаи Вазорати молияи Тоҷикистон рӯ ба боло овардааст. Агар маҷмуи маҳсулоти нохолиси миллиро ба шумораи шаҳрвандон тақсим кунем, ададеро хоҳем гирифт, ки нишондиҳандаи сатҳи миёнаи даромади кишвар ба ҳар сари аҳолӣ хоҳад буд. Ин сатҳро афзоиши маҷмуи маҳсулоти нохолиси миллӣ болотар мебарад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00
Линки мустақим


Сафаралӣ Наҷмидинов вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, пас аз анҷоми давраи аввали барномаи коҳиши фақр бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ, натиҷаи ба даст омад, ки аз муътадил шудани сатҳи даромаднокии аҳолии Тоҷкистон дарак медиҳад. Вазир ҳамчунин мегӯяд, эътидол дар афзоиши даромади аҳолӣ имконеро фароҳам меорад, ки Тоҷикистон аз гирифтани пулҳои грантӣ даст бикашад ва бештар ба қарҳзои нави имтиёзнок ва ҷалби сармоя ба кишвар машғул шавад. Ба гуфтаи вазир Бонки Байнулмилалии Таҷдиду Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд метавонанд сарчашмаҳои ҷалби маблағҳо ба кишвар бошанд.


Вазир нагуфт, ки як зина боло рафтани сатҳи даромади миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистонро кадом созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси кадом меъёрҳо таъин кардаанд. Зеро Бонки Ҷаҳони- коршарики Тоҷикистон дар барномаи фақрзудоӣ, як моҳ пеш дар пайи як пажӯҳиши худ муаян карда буд, ки ММДии Тоҷикистон бар сари аҳолӣ дар сатҳи 860 доллар қарор дорад ва ин поинтарин нишондиҳанда дар байни кишварҳои Осиёи Миёна аст. Аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон дар миёни 180 давлати дунё дар ҷои 142-юм қарор дорад ва наздиктарин ҳамсоя ва кишвари аз бисёр ҷиҳат монанд ба Тоҷикистон, Қирғизистон низ дар ин раддабандӣ аз Тоҷикистон пештар буда ва ҳаҷми ММД-и ин кишвар бар сари аҳолӣ 990 доллар баробар будааст.

Албатта, як миқдор коҳиш ёфтани сатҳи камбизотӣ дар Тоҷикистонро аксарияти коршиносон эътироф мекунанд. Вале вақте сухан аз ададу арқоми мушаххас меравад, омори созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти Тоҷикистон ва коршиносони мустақил аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан фарқ дар байни омори Вазорати молия ва Бонки Ҷаҳонӣ, дар заминаи ММД бар сари аҳолӣ, 140 доллар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи Стротегияи боло бурдани сатҳи беҳдошти аҳоли то соли 2015-ро қабул кардааст, ки мувофиқи он сатҳи камбизоатӣ бояд 32 дарсад коҳиш ва дарсади синфи миёна то ба 30 фоиз афзоиш ёбад. Аммо коршиносон мегӯянд, барномаҳои иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон бештар бар пояи кумаку ёриҳои байналмилалӣ ва афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон асос ёфтааст, ки чандон устувор нест ва иҷрои он воқеӣ ба назар намерасад.
XS
SM
MD
LG