Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Хатлон бо Кундуз боз шуд


Гузаргоҳи Панҷи поён дар марз бо вилояти Кундузи Афғонистон пас аз масдудияти чандрӯза боз шуд ва ҳамакнун ҳаракати мошинҳо дигарбора аз сар гирифта шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 5 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, гузаргоҳи Панҷи Поён, ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз мепайвандад, баъди масдудияти чандрӯза боз шуд ва ҳамакнун мошинҳои борбар бемамоният ҳаракат мекунанд.

Вай афзуд, ҳамин ҳоло бо навбатдории қисми ҳарбии назоратии Сарраёсати сарҳадбонӣ дар Панҷи Поён дар тамос шудааст ва роҳи ин гузаргоҳ боз шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Улуғхоҷев, азбаски гузаргоҳ ҳамакнун боз шудааст, ҳанӯз ҳамаи мошинҳои дар онсӯи марз дармонда, убур накардаанд. Сухангӯи сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи мошинҳо аз марз убур намуда ва вазъи гузаргоҳ ба ҳолати қаблӣ бармегардад.

Ин дар ҳолест, ки Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Қундуз субҳи рӯзи 5 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи муддате, ки Толибон ба Кундуз ҳамла оварданд, гузаргоҳи Шерхон Бандар -- Панҷи поён масдуд буда, ҳудуди 500 мошини ҳомили моло коло дар ин тарафи марз дармонданд. Мошинҳои ҳомили колое, ки дар Бандари Шерхон дармондааст аслан ҳомили картошка, биринҷ, шакар ва либосворӣ буда аз Покистон ба бозорҳои Тоҷикистон ворид мекунанд.

Зимнан, субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи Толибон бо як ҳамлаи ғофилгир аз се ҷониб вориди шаҳри Кундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон шуданд. Ҳукумати Афғонистон ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ хонда ва эълон карда буд, ки дар он ҷангҷӯёни шабакаи Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ даст доштаанд.

Муҳаммад Аюби Солангӣ, муовини вазири умури дохилии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки нерӯҳои амниятии афғон ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.

Мақомоти афғон гуфтаанд, ки ҷанҷӯёни Толибон пас аз суқути шаҳр вориди тиллофурӯшиҳо, дӯконҳо ва хонаҳои мардум шуда, ба ғоратгарӣ даст задаанд. Пас аз як рӯз нерӯҳои давлатӣ амалиёти бозпас гирифтани шаҳри Кундузро оғоз карданд ва бинои фармондеҳии амният ва зиндони Кундузро ба тасарруф дароварданд.

Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Афғонистон таъкид шуда буд, ки нерӯҳои тозанафас аз Тахор, Балх ва Кобул ба Кундуз расида ва ин шаҳр аз дасти гурӯҳи Толибон озод шуд. То ба ҳол қисмати бештари шаҳри Кундуз аз дасти ҷангиёни Толибон озод шудааст, вале дар қисматҳое аз шаҳр даргириҳои пароканда идома дорад.

XS
SM
MD
LG