Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамдардии тоҷикон ба фоҷиаи суқути ҳавопаймои Русия


Сафорати Русия дар Тоҷикистон

Сафорати Русия дар Тоҷикистон

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар назди бинои сафорати Русия дар Тоҷикистон гулгузорӣ карда ва хотираи қурбониёни фоҷиаи суқути ҳавопаймои ин кишварро гиромӣ доштаанд.

Рӯзи 1 ноябр сокинони шаҳри Душанбе дар назди бинои Сафорати Русия шамъ рӯшан кардаю гулгузорӣ намуда ва хотираи қурбониёни фоҷиаи суқути ҳавопаймои ин кишварро гиромӣ доштаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет низ садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми рус иброз кардаанд.

Новобаста ба ҳавои сарду боронӣ, рӯзи якуми ноябр мардуми бисёре дар Душанбе ҳамроҳ бо оила ва кӯдакони худ бо изҳори ҳамдардӣ ба мардуми рус ва хонаводаҳои қурбониёни фоҷиаи 31- уми октябр дар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон гирдиҳам омада буданд.

Дарина Ҳусейнова, як ҷавонзани тоҷик, ки бо ҳамсараш ба гулгузорӣ назди сафорат омада буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дарду андӯҳ ӯро ба ин ҷо овард. “Мо ҳама инсон ҳастем, ҳама оила дорем. Мо ҳам дар зиндагӣ як фоҷиае доштем ва хеле хуб дарк мекунам хонаводаҳоеро, ки наздикони худро дар ин ҳодиса аз даст додаанд”.

Олим Ширинов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик ҳам, ки ҳамроҳ бо оилааш ба хотир гиромидошти қурбониёни фоҷиаи суқути ҳавопаймо гул оварда буд, мегӯяд, Русия барои тоҷикон бегона нест.“Мо замоне дар як давлат зиндагӣ мекардем, он ҷо наздикону пайвандони зиёди мо кору зиндагӣ доранд. Русҳо бародарони мо ҳастанд. Вақте чунин фоҷиа рух медиҳад, мо ҳадди аққал бо чунин як амали назарногире бояд эҳтиром ва ҳамдардии худро ба хонаводаҳои мотамзада ва мардуми рус бирасонем.”

Некрӯз Ҳоҷиев, ҷавони дигар, ки дар назди бинои сафорати Русия дар Душанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин фоҷиа ва мотами танҳо Русия нест. “Фарқ надорад мо кадом миллатем ва ин ҳавопаймоӣ кадом давлат буд. Иин ҳодисаест, ки дар он даҳҳо нафар фавтиданд, 17 кӯдак ҷон додааст. Ин воқеан хеле дарднок аст.”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонзимни як барқия Владимир Путин, ҳамтои руси худ дар иртибот ба садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбари Русия дар нимҷазираи Синойи Миср “ба раҳбарият ва халқи дӯсти Русия тасаллияти амиқ баён намудааст”.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Миср, ин ҳавопаймо ба таври комил нобуд шуда, ҳама 224 сарнишини он ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои мақомоти Русия, дар ҳавопаймо 214 шаҳрванди Русия ва се украинӣ будаанд.Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 17 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Рӯзи якшанбеи 1 ноябр дар Русия рӯзи мотам эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Русия хабарҳо дар мавриди эҳтимоли даст доштани гурӯҳҳои террористӣ дар суқути ҳавопаймои ширкати “Когалимавиа”-и ин кишварро бепоя хондааст.

Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия, дар як нишасти хабарӣ дар Маскав дар шоми шанбеи 31 октябр гуфтааст: “Мо бо ҳамтоёни мисрии худ дар робитаи доимӣ ҳастем. Онҳо сару садоҳо дар бораи ҳадафи ракетаи террористон қарор гирифтани ҳавопаймои Русияро тасдиқ накарданд”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар маҳали ҳодиса комиссияи босалоҳияте аз ҷумлаи мутахассисони Русия ва Миср фаъолият мекунад ва танҳо пас аз анҷоми кори ин комиссия метавон дар бораи иллати суқути ҳавопаймо ибрози назар кард.

Қаблан, хабаргузории Reuters гузориш дода буд, ки гурӯҳҳои терорристии муталлиқ ба “Давлати исломӣ” масъулияти суқути ҳавопаймои мусофирбарро ба ӯҳда гирифтаанд.Хабаргузории Reuters бо ишора ба изҳороте дар саҳифаи ДИИШ дар Твиттер ба истинод ба баёнияи ин гурӯҳи террористӣ иттилоъ дод, маҳз рӯзи шанбе онҳо дар фазои нимҷазираи Синой ҳавопаймои русиро ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор доданд.

Зимнан, дар ҳудуди нимҷазираи Синай гурӯҳи терорристии “Вилоят Синой” фаъолият мекунад, ки ба созмони террористии “Давлати исломӣ” байъат кардааст. Дар соли 2014 фаъолияти гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар Русия мамнӯъ эълон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG