Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба ваъдаи 70-миллиардияш ба Тоҷикистон кай вафо мекунад?


Бархе аз мақомҳо ва таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки Русия дар гузашта барои тақвияти нерӯҳои Тоҷикистон ваъдаи 70-миллиардӣ дода, аммо то кунун дар ин замина рубле ҳам напардохтааст.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки Русия пойгоҳи низомии худро "омили субот"-и Тоҷикистон хонда ва бо ҳамин тавҷеҳ аз ваъдаҳои тақвияти нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва таъмини онҳо бо силоҳҳои замонавӣ канор меравад.

Мақомоти Тоҷикистон низ зоҳиран аз ваъдаҳои беамали Русия дилсард шудаанд. Як мақомдори тоҷик рӯзи 28 апрел ба Озодӣ гуфт, ки аз ваъдаи 70 миллиард рубли Русия дар соли 2014 (ба қурби онвақта 1 миллиарду 230 миллион доллар) Тоҷикистон як рубл ҳам дастрас накардааст. Ба қавли ин мақом, "Русия маъмулан низомиёни тоҷикро дар пойгоҳҳои худ тамрин медиҳад, ки на харҷ дорад ва на аҳамияти назаррас".

Дар чаҳорчӯби қарордоди соли 2014 Русия ваъда карда буд, ки дар солҳои наздик ба Тоҷикистон ба ин миқдор пул силоҳи оташфишон, муҳиммоти ҷангии нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ, артиллерия, таҷҳизоти алоқа, системаи мушакии зидди ҳавопаймо хоҳад дод. Бо гузашти ду сол ҳанӯз ин ваъда иҷро нашудааст ва ҳоло матбуоти Русия менависад, ки Тоҷикистон бо таҳдидҳои амниятӣ бо "ҷипҳо"-и чиниву амрикоӣ мубориза мекунад.

Сергей Шойгу

Сергей Шойгу

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, рӯзи 27 апрел дар як нишасти амниятӣ дар Маскав пойгоҳи низомии Русияро омили субот дар Тоҷикистон унвон кард ва гуфт, ки Маскав барои ҷилавгирӣ аз вуруди ифротгароҳо ба қаламрави ин кишвар аз чораҳои ҷиддӣ кор мегирад. Аммо ба гуфтаи аксари коршиносон ин изҳорот ва баёнияҳои дигари мақомоти Маскав, ки ҳар моҳ ду-се дафъа пахш мешаванд, чизе бештар аз ҷойгоҳсозии Кремлин дар Осиёи Марказӣ нест.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, Русия бо муҳим хондани ҳузураш дар Тоҷикистон барои пурра мустақил шудани Артиши кишвар ҳеч кумак намекунад. "Агар Русия мехост, артиши Тоҷикистонро тақвият бахшад, зимни бастани шартнома барои будубоши пойгоҳҳои низомиаш, на ваъдаи 200 миллиондолларӣ мекард, балки мисли Қирғизистон ҳудуди як миллиард доллар ваъда медод. Панҷ баробар камтар ваъда кардани маблағ барои

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Тоҷикистон дар муқоиса ба Қирғизистон худаш байёнгари муносибати мақомоти Русия бо давлатдории Тоҷикистон аст. Ҳамин кумаки 200 милиондоларӣ ҳам ба дасти Тоҷикистон нарасид. Русия ба Тоҷикистон бояд ҳудуди 20 ҳавопаймои ҷангӣ медод. Русҳо хостанд, ҳавопаймоҳои кӯҳнаро бидиҳанд, ки Тоҷикистон аз гирифтани он даст кашид, зеро барои таъмири он маблағе болотар аз ин маблағи ваъдагӣ лозим буд,” - гуфт таҳлилгари тоҷик Саймиддин Дӯстов.

Ин коршинос таҷаммӯи ифротиҳо дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ҳам бахше аз тарғиботи Русия медонад, ки онро ба хотири тарс додани Тоҷикистон ҳамеша расонаӣ мекунанд. "Ҳеч таҳдиди ҷиддӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ин танҳо афсонаҳои сиёсатмадорони Русия барои тарс додани нухбагони сиёсии Тоҷикистон аст,” - мефзояд Дӯстов.

Ахиран Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи ҳавзаи низомии Русия дар як сӯҳбат бо рӯзномаи “Коммерсант” гуфтааст, ки низомиёни рус ба таҳдидҳо дар марз ҳеч масъулият надоранд ва онҳо ба хотири ҳифзи

Маҷмааи "Окно" дар Тоҷикистон

Маҷмааи "Окно" дар Тоҷикистон

маҷмааи кайҳонии “Окно” ва мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Ин расона ҳам навиштааст, ки ҳоло “низомиёни тоҷик савори ҷипҳои амрикоӣ ва ҷипҳои чинӣ” бо террористону қочоқбарон муқобилат мекунанд.

Русия то даҳ соли пеш танҳо кишваре буд, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои низомӣ анҷом медод. Аммо ин кишвар ҳамеша ҳузури худ дар Тоҷикистонро кумак дониста, барои азнавосзии артиш ҳеч талош намекард. Ҳоло Амрико ва Чин баръакси Русия ба Тоҷикистон ёриҳои амалӣ мерасонанд, ки то ҷое “рашк”-и мақомдорони русро ба бор овардааст.

Амрико даҳҳо дидбонгоҳҳои марзбонӣ дар марз бо Афғонистонро сохта, инчунин, ба низомиёни тоҷик мошинҳои хидматӣ ҳадя кардааст. Чин, ҳамсояи Тоҷикистон ҳам дар як соли ахир ба ин масъала таваҷҷуҳ нишон медиҳад ва дар сохтмони дидбонгоҳҳо ва кумакҳои фаннӣ ба Артиши Тоҷикистон саҳм мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG