Пайвандҳои дастрасӣ

Муллоҳо барои ҳизби ҳоким дафтар сохтанд


Холмурод Раҳмон, раиси ноҳияи Қумсангир.

Холмурод Раҳмон, раиси ноҳияи Қумсангир.

Рӯҳониён ва имомхатибони масоҷиди ноҳияи Қумсангир пас аз саҳмгузорӣ дар бозсозии роҳу мактабҳо, сохтмони бинои нави ҲХДТ дар ин минтақаро рӯи даст гирифтаанд, ки интизор меравад, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Холмурод Раҳмон, раиси ноҳияи Қумсангир рӯзи душанбеи 10 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинои нави дафтари ҳизби ҳокими халқиидемократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ин ноҳия бо маблағи 68 ҳазор сомонӣ, ки аз панҷ масҷиди ҷомеъ ҷамъоварӣ шудааст, бунёд меёбад.

Ҷаноби Раҳмон дар ин бора гуфт, “роҳбар шудӣ, санъаткор мешавӣ, чун одами доранда ва пулдорро пулашро ба зурӣ гирифта намешавад, барои ин дастатро пеши бар гузошта, зора мекунӣ домулло, ака, додар, ҳазрат гуфта, ҷонам садқаат мегӯӣ. Мардуми меҳрубон аст, барои ҳамин барои ободонӣ саҳм мегузоранд.”

Агарчӣ дар корҳои ободонии ноҳияи саҳм гузоштани имом хатибону муллоҳо дар ноҳияи Қумсангир шонси хубе барои мустаҳкам кардани мавқеи ин қишри ҷомеа ва муаррифӣ кардани худ дар назди мақомот аст, вале онҳо мегӯянд, ки ин корро аз барои савоб мекунанд.

Имомназар Ҷаннатов, як рӯҳонӣ аз ноҳияи Қусангир, ки аз будҷаи хоҷагии деҳқонияш пулеро барои сохтмони бинои ҲХДТ ихтисос додааст, гуфт, ки онҳоро касе барои ин кор водор накардааст ва супорише ҳам нашудааст ва танҳо бо хоҳиши худи мардум ин амри хайр анҷом мешавад.

Ҷаноби Ҷаннатов мегӯяд, ки пулро вобаста ба имконият мардуми маҳал ва намозгузорон ба онҳо медиҳанд ва боз аз даромадҳои худ сарф мекунанд: “Мардум дастгирӣ мекунад, агар худамон обод накунем, касе ватани моро обод намекунад ва дастуру супориш ё фишоре дида намешавад, ҳама аз 20 сомонӣ то 40 сомонӣ худашон барои ободии ватан оварда додаанд.”

Ҷалолиддин Камолов, мудири шуъбаи дин дар ҳукумати ноҳияи Қумсангир гуфт, ки имомхатибон ва рӯҳониёну намозгузорони 5 масҷид, аслан азои ҲХДТ нестанд, вале бинои ин ҳизбро сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз кардаанд. Ҷаноби Камолов мегӯяд, ки дар ин ноҳия муллоҳо ва имомхатибони “пулдор”, ки роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастанд, ҳудуди 100 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин ба баъд ба корҳои сохтмонӣ саҳм мегузоранд.

Ба гуфтаи ин масъули кумитаи дини ноҳия, рӯҳониёну имомхатибон дар деҳаҳое, ки бунгоҳи тиббӣ нест, бунгоҳ месозанд ва ё роҳҳои харобро бозсозӣ мекунанд. Феълан дар ноҳияи Қумсангир, ки бо афроди маъруфи суннатияш шинохта мешавад, ба истиснои як итиҳодияи Исмоилия ва калисои масеҳиёни инҷилӣ, 27 масҷид мавҷуд аст.

Фаъолияти рӯҳониён дар самти сармоягузории тарҳҳои маҳаллӣ дар ҳолест, ки ҳукумат онҳоро дӯсти худ намедонад ва солҳои ахир чанд навореро дар бораи ҳаёти пасипардагии баъзе рӯҳониён пахш кард, ки ба имидҷи доираҳои мазҳабӣ бетаъсир намонд. Ҳарчанд доираҳои мазҳабӣ аз қаҳрамонҳои филмҳои шаҳвонӣ канораҷӯӣ карданд, аммо ин наворҳо як нобовариро нисбати муллоҳо ба миён овард.

Дар ҳоле, ки худи рӯҳониён саҳмгузориашон дар ободонии ноҳияро довталабона арзёбӣ мекунанд, аммо соҳибназарон мегӯянд, ин як амлаи супоришӣ ва дастур аз “болост”. Бар пояи иттилои масъулони ҳукумати ноҳияи Қумсангир, сохтмони ду бунгоҳӣ тиббӣ, ки дар чаҳорчуби барномаҳои ҳукумат қарор дорад, бояд бо кӯмаки молии рӯҳониёну муллоҳои рӯзҳои наздик шурӯъ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG