Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазир: "Муколамаи давлату динро дуруст ба роҳ мондаем"


Лаҳзае аз дидори муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Сем Геҷденсон
Лаҳзае аз дидори муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Сем Геҷденсон

Нурулло Орифов дар сӯҳбат бо як ҳайати амрикоӣ гуфтааст, Тоҷикистон муколамаи давлату динро дуруст ба роҳ мондааст.

Як ҳайати Комиссияи Байналмилалии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ рӯзи сешанбе, 11-уми декабр, бо Нурулло Орифов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон ва дигар раҳбарони вазорат, масоили озодиҳои мазҳабӣ дар кишварро баррасӣ кардааст.

Дар баёнияе, ки дар торнамои Вазорати умури дохилӣ нашр шудааст, омадааст, ҳайати амрикоиро Сем Геҷденсон, комисари озодии мазҳаби Амрико раҳбарӣ мекунад ва дар мулоқоти ду тараф, айни замон бо масоили озодиҳои мазҳабиву эътиқод, роҳҳои ҷилавгирӣ “аз амалҳои дорои хусусияти терроризм, экстремизм ва сепаратизмдошта” баррасӣ шуд.

Дар ин баёния омадааст, ки Нурулло Орифов ба ҳайати амрикоӣ гуфтааст, Тоҷикистон кишвари дунёвист ва "муколамаи давлату динро дуруст ба роҳ мондааст, ки барои пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад". Ба ҳайати кумиссиёни амрикоӣ ҳамчунин гуфтаанд, "дар даҳсолаи ахир терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ шаклҳои гуногун гирифтаанд", ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда мешаванд.

Комиссияи Байналмилалии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ, ки ҳар сол доир ба вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон гузориш медиҳад, соли гузашта Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое ворид кард, ки вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар онҳо “мояи нигаронии махсус” аст.

Дар он гузориш гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон соли 2011 озодиҳои мазҳабӣ маҳдудтар шуда, ҳукумат ҳаргуна фаъолиятҳои мазҳабии хориҷ аз назари давлатро мамнӯъ карда ва дар чанд соли гузашта як канисаи яҳудиён, як калисову се масҷидро хароб ва фаъолияти садҳо масҷидро ҳам мамнӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG