Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКХ Тоҷикистон изҳороти муфаттиши русро иғвоангез хонд


Давлат Назрӣ - сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Давлат Назрӣ - сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

ВКХ Тоҷикистон бо пахши як баёния ба иддаои Ренат Курамшин, ки Тоҷикистонро пуштибонӣ нафари шабакаи байналмилалии мухаддирот гуфтааст, эътироз намуд

Давлат Назриев, сарвари Департаменти таҳлил ва иттилооти ин вазорат, дар шарҳи ин изҳорот гуфт, иддаои муфаттиши умури махсуси Департаменти федералии назорати маводи мухаддири Русия Ренат Курамшин, ки 5 марти соли 2013 тариқи шабакаи «Россия-1» дар барномаи «Спетсиалный корреспондент» садо дода, ба воқеият дуруст намеояд:

«Дар бораи истирдоди Атобек Гулмамадов аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нота ё дигар муроҷиати шифоҳиву хаттӣ содир нашудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Абудабӣ дар чаҳорчӯби салоҳиятҳояш 23 январи соли 2013 бар асоси муроҷиати хаттии шаҳрвандони Тоҷикистон – волидайни Атобек Гулмамадов (Боронбек Гулмамадов ва Зебуннисо Тӯронова – Р.О.) ба вазорати корҳои хориҷии АМА нота фиристода, дар бораи сабабҳои боздошт ва ҳабси ӯ маълумот хост. Иттилое, ки Ренат Курамшин дод, дар ин нота вуҷуд надорад».

Рӯзи 5-уми март Ренат Курамшин, сармуфаттиши умури махсуси Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия тариқи шабакаи «Россия-1» изҳор кард, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба раванди истирдоди Атобек Гулмамадов аз Дубай ба Русия мухолифат намуда, зимни ду нота аз мақомоти Иморати Муттаҳидаи Араб хоҳиш кардааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия, Атобек Гулмамадовро ба Русия надиҳанд.

Вай гуфт, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гӯё дар нотааш гуфтааст, ки агар Гулмамадов ба Русия истирдод шавад, зери шиканҷаву таъқиби беасос афтида, моликияташ бидуни таҳқиқ ва додгоҳ мусодира мешавад ва оилааш ҳам таъқиб хоҳад шуд, минҷумла фарзандонашро мегиранд ва ба хонаи ятимон медиҳанд.

Мақомоти Русия аз Атобек Гулмамадовро, ки ба ҳабси абадӣ маҳкум шудааст, як қочоқбари бузург ва узви шабакаи байналмиллалии қочоқи маводи мухадир муаррифӣ мекунанд.

Аммо ҳамсӯҳбати мо, ки худро Амирбек ва аз ҳамсинфони Атобек муаррифӣ кард, ба радиои «Озодӣ» гуфт, дӯсташ тақрибан соли 1995 пас аз хатми мактаб ба Русия ҳиҷрат карда, ҳамон ҷо оиладор шуд ва бо тиҷорат машғул буд:

«Чор – панҷ сол як маротиба ба деҳа назди наздиконаш меомад ва мерафт. Оилаашон зиндагии миёна ва мисли ҳама доранд. Бародаронаш ҳастанд, ки аз дигарон фарқе намекунанд. Аммо ин тавре ки дар расонаҳо воҳима мекунанд, дурӯғ аст».

Атобек Гулмамадови 39-сола зодаи деҳаи Андароби минтақаи Ғорони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон аст, ки бино ба иттилои мақомоти расмии Русия, тариқи Интерпол дар фурудгоҳи Дубай боздошт ва 7-уми феврали соли равон ба Маскав истирдод шуд. Ӯро мақомоти Русия аз соли 2009 ба далели даст доштан дар қочоқи 400 килограмм ҳероин аз Осиёи Марказӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода буданд.

Аммо ба қавли як наздикаш, ки дар Русия ба сар мебарад ва ба далоили амниятӣ нахост номашро зикр кунем, ӯро на дар фурудгоҳ, балки дар манзили зисташ дар Шарҷа боздошт карданд. Ба гуфти ӯ, ду соли қабл бархе аз доираҳои ҷиноии таҳти назорати мақомоти шаҳри Санкт-Петербург аз ӯ 70 ҳазор доллар «доля» талаб карданд, ӯ пардохт ва чанде нагузашта, боз 50 ҳазор доллар хостанд, ки Атобек ин маблағро дода натавонист ва ба Тоҷикистон фирор кард. Вай афзуд, аз Тоҷикистон ӯ ба Дубай рафт ва чанд соли ахир дар он ҷо буд. Ин нафар ҳамчунин гуфт, мушкили Атобек пас аз он сар шуд, ки ба доираҳои ҷиноии Санкт-Петербург нахост тарабхонаашро таслим кунад.

Мақомоти Русия мегӯянд, Гулмамадов бо чор шиносномаи қалбакӣ пинҳон шуда буд, аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло ин қазияро таҳқиқ мекунанд.

Тибқи моддаи 49, банди 1-и Сарқонуни Федератсияи Русия, як нафар то собит шудани гуноҳаш наметавонад гунаҳкор эълон шавад. Пайвандони Гулмамадов бар инанд, ки мақомоти Русия гуноҳи ӯро собит накарда, ӯро муттаҳам кардаанд ва ин маънои онро дорад, ки сарнавишти ӯ хориҷ аз доираи адолат ҳал шудааст.

Корманди Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия дар суҳбати телефонӣ бо радиои «Озодӣ» аз шарҳи масъала худдорӣ кард. Вале эҳтимол дорад, ин ниҳод ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон посух хоҳад дод, зеро гуфта мешавад, нусхаи нотаҳои расмии Тоҷикистонро дар даст дорад ва ба парвандаи Гулмамадов ҳамроҳ кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG