Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарраёсати марзбонӣ: "Сарҳадбонҳо ба аслиҳа ниёз доранд, на ба нерӯ"


Марзбонони тоҷик мегӯянд, ки тавони ҳифозати сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро доранд. Аммо ба эътиқоди бархе аз коршиносон, вобаста ба вазъият эътимоли дархости нерӯи иловагӣ вуҷуд дорад.

Нерӯҳои низомии Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ дар сурати бӯҳронӣ шудани вазъи хатти марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон метавонанд дасти ёрӣ дароз кунанд ва дар канори марзбонҳои тоҷик қарор гиранд. Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мулоқоти рӯзи ҷумъаи худ дар Қазоқистон, зимни баррасии вазъи Афғонистон ба ҳамин мувофиқа расиданд.

Ин тасмим дар ҳолест, ки дар расонаҳои Тоҷикистон ва берун аз он баъди 10 сол дубора мавзӯи эҳтимоли бозгашти нерӯҳои Русия ба марзи Тоҷикистон гарм шудааст. Ин мавзӯъ ҳам дар пайи як суханронии муовини вазири дифои Русия Юрий Борисов дар Қазоқистон дар мавриди “эҳтимоли бозгашти нерӯҳои Русия ба марзи Тоҷикистон” ва вазъи нооромдар Афғонистон рӯ зад. Дар Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи феълӣ дар марз ва нооромиҳо дар Афғонистон, бархе аз ин эҳтимол ва истифода аз кӯмаки нерӯҳои Русия ҷонибдорӣ мекунанд, аммо гурӯҳе ҳам ба ин боваранд, ки Тоҷикистон ба нерӯҳои Русия ҷиҳати ҳифзи марз бо Афғонистон зарурат надорад ва ин амал ба манфиаташ ҳам нест.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ҳам дар посух ба ин баҳсҳо таъкид медоранд, ки ҳоло мавзӯи бозгашти марзбонони рус аслан дар миён нест ва ин мувофиқа ҳам фақат ба он маънист, ки имкон дорад танҳо дар ҳолати зарурӣ дар доираи созишномаву барномаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия, Маскав барои таҳкими ҷиддитари хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун марзи ягонаи ҷанубии кишварҳои ИДМ, кӯмакҳо ироа намояд.

Генерал-майор Саидамир Одинаев, собиқ муовини сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ -- фармондеҳе, ки ҳоло дар бахши таълимоти Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон фаъолият дорад, мегӯяд, “ҳоло бояд онҳо моро бо яроқу аслиҳа кӯмак кунанд. Аслан гап дар бораи баргаштан нест ва ин имкон ҳам вуҷуд надорад.” Ҷаноби Одинаев мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳам вахим нест ва онҳо ба чунин кӯмак зарурат надоранд.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Марзбонони Русия, ки солҳои тӯлонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон он ҷоро тарк карданд ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

Нуралишоҳ Назаров, генерали мустаъфӣ ва собиқ муовини раҳбари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки маҳз замони раҳбарии ӯ русҳо аз марзи кишвар хориҷ шуданд, мегӯяд, бозгашти марзбонони Русия аз вазъият вобастагӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъ дигар аст ва таҳдидҳо ба марзи Тоҷикистон ҷиддӣ аст ва “агар аз сӯи Толибон бо нерӯҳои бузург ҳуҷум шавад, эҳтимол дорад марзшиканӣ шавад ва ҳифзи он мушкил хоҳад буд. Бинобар ин марзро мустаҳкам кардан даркор.”

Ҷаноби Назаров мегӯяд, дар чунин сурат онҳо метавонанд ҳадди аққал дар хати саввум ба марзбонони тоҷик кӯмак кунанд. Аммо ба гуфтаи генерали дигари мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов, бозгашти марзбонони рус ҳатто дар чунин вазъият ҳам доимӣ нахоҳад буд ва набояд ҷои ҷои нигаронӣ бошад: “Агар лозим шавад метавонанд тибқи шартнома ҳамчун қувваи иловагӣ ворид кунанд, аммо ин ба он маъно нест, ки

Абдулло Ҳабибов.
Абдулло Ҳабибов.

абадӣ меоянд. Марзи Тоҷикистон, марзи муштараки ИДМ эълон шудааст, метавонанд нерӯ ворид кунанд., вале баъди ҳалли ин ё он масъала мераванд.”

Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистонро аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе мегуфтанд, беҳтар аст, Маскав бо техникаи низомӣ ва дигар абзори лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон саҳмгузор шавад. Маҳди Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, ки “Тоҷикистон аз захираҳои инсонӣ бой аст ва танҳо бо фароҳам овардани шароит метавонад ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳадаш барояд. Барои Тоҷикистон фақат навоварӣ ва техника лозим аст.”

Сару садоҳо дар мавриди бозгашти дигарбораи нерӯҳои русӣ дар Тоҷикистон бо ноором шудани вазъ дар шимоли Афғонистон ва суқути чандин минтақа дар марзи кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон ба дасти Толибон бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG