Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин вокунишҳо аз Тоҷикистон ба пирӯзии Трамп. ВИДЕО


Олим Салимзода

Олим Салимзода

Дар ҳоле ки бисёриҳоро ба қудрат расидани Доналд Трамп дар Амрико ҳайратзада кардааст, баъзе аз вакилони порлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки зоҳиран муносибати Душанбеву Вашингтон тағйире нахоҳад дид. Вале то ҳол раёсати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Олимҷон Салимзода – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот – рӯзи 9 ноябр гуфт, Тоҷикистон равобити хориҷиашро бар асоси "сиёсати дарҳои боз" пеш мебарад ва бо ҳукумати Трамп низ аз ин дарича гуфтугӯ хоҳад кард.

Бо омадани Трамп он рукуде, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ, дар давраи чанд силсилаи раҳбарии демократҳо ба вуҷуд омада буд, тағйир хоҳад кард

​​Вай афзуд, "аввалан ин ҳаққи мардуми Амрикост, ки ба ҷонибдорӣ аз Доналд Трамп раъй доданд. Сиёсати дарҳои боз тақозо мекунад, бо ҳамаи кишварҳое, ки нияти хуби ҳамкорӣ доранд, муносибати хуб дошта бошем. Умедворем, ки муносибатҳо бо Амрико, кишвар бузурги дунё ва баъди ба қудрат расидани Трамп аз пештара хуб мешавад."

Саидҷаъфар Исмонзода, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон.

Саидҷаъфар Исмонзода, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон.

Ба назари Саъидҷаъфар Исмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, бори дигар исбот кард, ки он кишвар маҳд ва гаҳвораи демократия мебошад. Ба бовари ӯ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тарафдори оромӣ аст, шахсияи Трамп хеле муносиб мебошад, "зеро шахсони тоҷир ва бизнесмен ба ҷанг на тайёрӣ мебинанд ва ба ҷанг ягон давлатр муттаҳам мекунанд. Одамони тоҷир бештар одамони мӯътадиланд ва танҳо оромиро мехоҳанд."

Дигар ин, ки ба гуфтаи раиси ҳизби демократи Тоҷикистон, оқои Трамп бар хилофи сенаторҳо ва дигар гурӯҳҳое, ки дар давлатдорӣ метавон ба онҳо таъсир расонд, шахси мустақил мебошад ва таъсир расонидан ба ӯ кори душвор аст.

Ба гуфтаи Саъидҷаъфар Исмонов, аз он, ки сиёсати Доналд Трамп дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хусус Русия хуб аст, сиёсатҳои сулҳталабии вай ба нафъи Тоҷикистон низ мебошад. Ба гуфтаи ин сиёсатмадори тоҷик, ҳамсӯии Русия ва Доналд Трамп метавонад, ба хомӯш шудани низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна сабаб шавад. Ва барои Тоҷикистон ҳам имкониятҳои дигари иқтисодӣ пайдо мешавад.

ВИДЕО: Трамп дунёро ё ба ҷарӣ мебарад, ё ба марҳилаи нави тараққиёт - коршиносон

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, Доналд Трамп ҳатман як сиёсати фарқкунандаро пеш хоҳад гирифт. Ӯ мегӯяд, интихоби Трамп нишон дод, ки мардуми Амрико аз “ваъдаҳои хуб” хаста шудаанд ва барояшон як нафар бо идеяҳои ғайримаъмулӣ мақбул аст.

Дар ҷамъ, Қодиров мегӯяд, “бо омадани Трамп он рукуде, ки дар сиёсати ҷаҳонӣ, дар давраи чанд силсилаи раҳбарии демократҳо ба вуҷуд омада буд, тағйир хоҳад кард. Ё куллан ба самти хубӣ тағйир мекунад ва ё пурра ба самти бадӣ. Трамп сиёсати миёнаву эҳтиёткорона нахоҳад дошт. Ӯро касе ҷиддӣ қабул намекард, аммо умедворам, ки ӯ аз ҳамон ғайриҷиддиҳое бошад, ки тавонад муваффақ шавад.”

Аммо Қодиров мегӯяд, Трамп ба равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Амрико таъсир мерасонад, аммо низоми давлатдории Амрико барояш иҷоза нахоҳад дод, то ваъдаҳои ҳазломезашро амалӣ кунад.

Ӯ афзуд: “Сиёсатҳои ояндаи ӯ аз командае, ки ӯ ташкил хоҳад кард, вобаста хоҳад буд. Институти президент як ҷузъи ҳукумати Амрико аст. Аз ин рӯ, вобаста ба командааш ҳаст. Низоми давлатдорӣ маҷбур мекунад, то Трамп дар як чорчӯба кор кунад, ҳарчанд, ӯ метавонад, мустақиман ба равандҳои сиёсӣ таъсир расонад. Трамп на ҳамаи ваъдаҳои ҳазломезро амалӣ хоҳад кард. Низом ба он иҷоза нахоҳад дод. Албатта, ӯ низомеро пеш хоҳад гирифт, ки аз низоми демократҳо замони ҳукмрониаш фарқкунанда хоҳад буд."

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик гуфт, Амрико бо баргузории маъракаи интихоботиаш як назарпурсии воқеиро анҷом дод. "Яъне, мардум нафареро ҷонибдорӣ кард, ки мехоҳад муносибаташро бо Русия тағийр диҳад. Аммо дар маҷмӯъ муҳим нест, ки дар Амрико кӣ ба сари қудрат меояд. Сиёсати Амрикоро бештар сохторҳои дигараш муайян мекунанд."

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, интихоби Трамп дар як замони кӯтоҳ вазъи сиёсати иқтисодии Амрико бо кишварҳои Осиёи Миёнаро дигар нахоҳад кард: “Кишварҳои Осиёи Мёна дар ҳудуди нуфузи иқтисодии Русия ва Чин қарор доранд. Иқтисодиёти мо аз ин ду кишвар вобастагӣ дорад. Доналд Трамп ҳам қасд дорад, ҳамкорӣ бо Русияро беҳтар кунад. Эҳтимоли хуб шудани муносибати Амрико бо Русия таъсири хуб ба иқтисодиёти Тоҷикистонметавонад дошта бошад. Он фишору таҳримҳои иқтисодӣ бо Русия аз миён бардошта шаванд, таъсираш дар иқтисодиёти мо зуд эҳсос хоҳад шуд”.

Собир Вазиров.

Собир Вазиров.

Поин рафтани фоизи қиммати қоғазҳои қимматнокро Вазиров ба он рабт медиҳад, ки касе интизори пирӯзии Трампро надошт. Аз сӯи дигар, ин коршинос мегӯяд, “агар Тарамп ин ваъдаашро, ки иқтисодиёти Амрикоро дар як сол то 4,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло мебарад, дар амал татбиқ кунад, иқтисоди ҷаҳон фоида хоҳад дид. Афзоиши иқтисодиёти Амрико афзоиши иқтисодиёти Чинро ба вуҷуд меорад, ки он гаҳ аз ин тариқ ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсираш мерасад.”

Аммо бисёре аз корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз хабари пирӯзии Доналд Трамп, ки бо изҳороти зидду нақизаш, аз ҷумла дар бораи монеъ шудан ба вуруди мусалмонҳо ба Амрико маъруф аст, ибрози тааҷҷуб карда ва гуфтаанд, ҷаҳонро имтиҳоне дар пеш аст. Баъзеҳо ҳатто ӯро президенти начандон хуб ва начандон зебо номидаанд.

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо дарёфти 276 раъй президенти 45-уми Амрико эълон шуд. Рақибаш Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ 58 овоз камтар ба даст овард ва ба қавли Трамп аз аввалин нафаре буд, ки тамос гирифта ва пирӯзиашро эътироф кардааст. Қаблан чанде аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфта буданд, аз ду номзади аслии интихоботи Амрико бештар Ҳилларӣ Клинтонро мешиносанд ва аз ӯ тарафдорӣ мекунанд.

Хонум Клинтон моҳи октябри соли 2011, дар замоне ки вазири корҳои хориҷии Амрико буд, бо як сафари корӣ ба Душанбе омада, бо мақомоти кишвар ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтугӯ анҷом дода буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG