Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симкортҳои фурӯхташударо аз нав ба қайд мегиранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз он ки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти Толибон низ расидааст, гуфт, 7 миллион симкорти фурӯхташударо аз нав сабт хоҳанд кард.

Соҳибони 7 миллион симкорти фурӯхташудаи ширкатҳои мобилӣ, аз ин ба баъд бояд мушаххас ва аз нав ба қайд гирифта шаванд. Парлумони Тоҷикистон - тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро тасвиб кард, ки бар асоси он тамоми симкортҳои ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Муштариёне, ки аз қайди дубора саркашӣ мекунанд, аз симкорти худ маҳрум хоҳанд шуд. Мансур Умаров -- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар парлумон гуфт, “амнияти иттилотии алоқаи мобилӣ дар ҳолати номусоид қарор дорад.” Ба таъкиди вай, вазъияти мазкур бар асари фурӯши бенизоми 70 дарсади симкортҳо ба миён омадааст. Вай гуфт, “ширкатҳои мобилӣ дар кишвар моликияти афроди хориҷӣ буда, сарфи назар аз таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистон, мақсади аслиашон ба даст овардани фоидаи пулӣ аст.”

Масоили амниятӣ 7 миллион симкортро зери суол буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Ба таъкиди вай, мақомоти Тоҷикистон дар ин авохир ҳолатҳои зиёди истифодаи симкортҳои Тоҷикистон аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва ба Афғонистон бурдани теъдоде аз ин симкортҳоро ошкор карданд: “Гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарон дар марз бо Афғонистон аз симкорти ширкатҳои мобилии мо истифода мекунанд. Соҳибони телефонҳо дар ягон ширкати мобилӣ ба қайд гирифта нашудаанд.”

Тасвиби Қонун "Дар бораи алоқаи мобилӣ” шеваи хариду фурӯши симкортҳоро ҳам тағйир медиҳад ва ширкатҳои мобилӣ ё афроде, ки ба фурӯши симкортҳои ғайрирасмӣ машғуланд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Аммо то ҳанӯз шеваи сабти дубораи симкортҳо мушаххас нашудааст. Феълан ҳукумати кишвар тартиби аз нав ба қайдгирии симкортҳоро таҳия дорад ва эълон хоҳад кард.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, қонуни мазкур метавонад масъулияти ширкатҳои мобилиро бештар карда, аз ҳодисаҳои ҷалби сокинон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ташкили ноамниҳо ҷилавгирӣ кунад. Аммо ӯ гуфт, "бояд кӯшиш шавад, ки ин қонун бо таваҷҷӯҳ ба вазъи иҷтимоии сокинони Тоҷикистон амалӣ шавад ва харҷи иловагӣ аз муштариён талаб нашавад."

То як соли пеш дар хиёбонҳои шаҳрҳои Тоҷикистон имкони харидории симкортҳои ширкатҳои мобилӣ бидуни шиноснома ҳам мумкин буд ва як нафар метавонист даҳҳо симкорт дошта бошад. Ҳоло ҳам як нафар метавонад бо шиносномаи ҳар каси дигар соҳиби симкорт шавад.

Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, дар чунин бебандуборӣ асосан дилерҳо ё афроди алоҳидаро гунаҳкор донист, ки барои пулкоркунӣ даҳҳо симкортро ба номи худ аз ширкатҳои мобилӣ харида, баъдан онро бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба фурӯш мегузоранд: “Ягон ширкат намехоҳад, ки симкорташ ғайрирасмӣ ва беном берун шавад. Мо бо ин бетартибиҳо мубориза мебарем ва шӯъбаҳои махсус дар ширкатҳои мобилӣ ҳам дар ин самт кор мекунанд, аммо гирифтани пеши роҳи он мушкил аст/”

Раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар идома афзуд, онҳо баробари гирифтани дастури сабти дубораи симкортҳо ба амал хоҳанд гузашт. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ин иқдом кору харҷи ширкатҳои мобилиро зиёд хоҳад кард.

Назари сокинон дар бораи сабти дубораи симкортҳо гуногун аст. Иддае агар аз чунин тасмим пуштибонӣ кунанд, бархеи дигар онро ё "мушти баъд аз ҷанг" медонанд, ё "баҳонаи дигари пулкоркунӣ". Вале, дар маҷмӯъ, ҳамаи онҳо ҷонибдори он ҳастанд, ки симкортҳо дар ивази пешниҳоди шиноснома фурӯхта шавад. "Чун дар ҳолати гум кардани телефони мобил ё таҳқиру таҳдид шунидан барои муайян кардани гунаҳкгорон кӯмак хоҳад кард," -- гуфт яке аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе.

Вале тасмими аз нав ба қайд гирифтани симкортҳо бештар аз ҳама дилер, ё фурӯшандаҳои симкортро нигарон кардааст. Акмал Қурбонов, ки дар бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт ба фурӯши симкортҳо машғул аст, гуфт, фаъолияти онҳо то кунун низ, албатта, расмӣ буд, аммо танзими бозори фурӯши симкорт ба кори онҳо таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Харидорони симкорт, ба қавли ӯ, баъд аз ин тағйирот камтар мешаванд.

Акмал Қурбонов дар идома гуфт, ки “масалан баъзан мешавад ҳолатҳое, ки ду дӯст меоянд, якеш шиноснома надорад ва мо бо шиносномаи дӯсташ ба ӯ симкорт медодем. Тибқи қонуни нав, акнун ин одам ба ширкат рафта симкортро ба номи худ бояд гузаронад. Ин албатта барои муштари як сарфи вақт аст ва бисёриҳо намераванд, аз баҳри симкорт мегузаранд. Ин тағйирот ва ҳам тағйири дигар, изи ангушт кори бе ин ҳам мушкили моро боз мушкилтар мекунад.”

Моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки то он вақт 11 миллиону 600 ҳазор симкорти ширкатҳои мобилӣ фурӯхта шуда, аз ин ҳисоб ҳамагӣ 6 миллиону 400 ҳазораш фаъоланд.

XS
SM
MD
LG