Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи FIFA тағйир наёфт


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки имрӯз, 15 сентябр, нашр шудааст, дар байни 209 кишвар бо 215 имтиёз мисли пешин дар ҷойгоҳи 144-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсиони футболи Осиё мақоми 24-умро касб кардааст. Дар ОсиёЭрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 37-ум), Австралия дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 45-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 47-ум) мебошанд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1646 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1369 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1323 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар раддабандии ФИФА Украина (29-ум) ва Русия (38-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (49), Қазоқистон (83), Қирғизистон (108) ва Туркманистон (116) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, бозии наздиктарини мунтахаби кишвар 5-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин бозии дӯстона миёни дастаҳои миллии Тоҷикистону Фаластин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад. Дар айни ҳол мунтахаби Фаластин дар раддабандии FIFA дар ҷойгоҳи 118-ум (302 имтиёз) қарор дорад.

Ёдовар мешавем, рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Феҳристи ФИФА 20 октябр нав карда мешавад.

XS
SM
MD
LG