Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургдошти “1150-солагии Закариёи Розӣ” бо ҳимояти ЮНЕСКО


Тоҷикистон ният дорад, то “1150-солагии Закариёи Розӣ” ва “100-солагии Ғаффор Валаматзода”-ро ба феҳристи ҷашвораҳои ЮНЕСКО ворид созад ва дар соли 2016 ва 2017 ин санаҳоро таҷлил кунад.

Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масоили дастгирии номинатсияҳои “100-солагии Ғаффор Валаматзода” ва “1150-солагии Закариёи Розӣ” бо мақсади воридсозӣ ба феҳристи ҷашнвораҳое, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар солҳои 2016-2017 таҷлил мегарданд, дар дидори сафир Рустамҷон Солиев, намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо мудири кулли ин созмон хонум Ирина Бокова дар таърихи 15 апрел дар шаҳри Париж матраҳ гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби мулоқот ба Мудири кулли ЮНЕСКО доир ба номинатсияҳои “Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон”, “Фарҳанги оши палов” ва “Фалак”, ки ба баррасии Созмон ҷиҳати шомил кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият пешниҳод шудаанд, маълумоти муфассал манзур гардид. Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, инчунин иҷрои як қатор лоиҳаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ба хонум Бокова роҷеъ ба омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, хабар додааст. Дар ин робита, хонум Ирина Бокова ташаббусҳои Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи ЮНЕСКО-ро дар кори Конфронс тасдиқ намуд.

Талоши Тоҷикистон барои ворид кардани ҷашнҳои “100-солагии Ғаффор Валаматзода” ва “1150-солагии Закариёи Розӣ” дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ “700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ”- мутафаккири Машриқзамин ва “3000-солагии Ҳисори Шодмон” бо ҳимояти ЮНЕСКО таҷлил мегардад.

Зимнан, Закариёи Розӣ, ки бо Абӯбакр Закариёи Розӣ машҳур аст, соли 865 дар шаҳри Рай (ҷанубии Теҳрони кунунӣ) таваллуд ёфта ва соли 925 вафот кардааст. Мувофиқи нишондоди Муҳаммади Наҷмободӣ, осори фалсафӣ - илмии Розӣ аз 270 асар иборат мебошад. Закариёи Розӣ бар замми мутафаккир ва олими тавоно буданаш, боз ба бисёре аз масъалаҳои тарбияи ақлию ахлоқӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияти умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф, мақсаду мароми ҳаёти инсонро низ мавриди тадқиқ қарор додааст.

Абӯбакри Розӣ шаклҳои ҳастии ҳаюло - макон, замон, вақт, фазо ва ҳаракатро низ абадӣ мешуморид, зеро вай бештар ба масоили илмии табиатшиносӣ боварӣ дошт. Мувофиқи тадқиқоти бархе аз муҳаққиқону муаррихон, Закариёи Розӣ аввалин нафарест, оид ба илми кимиё нахустин озмоишгоҳро таъсис додааст.

Аммо Ғаффор Валаматзода, аз раққос ва балетмейстерҳои намоёни тоҷик аст, ки 9 майи соли 1916 таваллуд шуда ва 12 декабри соли 1993 вафот кардааст. Вай соли 1945 ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва соли 1976 ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шуравӣ гардид. Ҳоло дастаи рақсие ба номи ин ҳунарманди маъруф дар Тоҷикистон фаъол аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG