Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – “меҳмони нохонда”-е дар Бозиҳои олимпии Сочӣ


Андрей Дригин
Андрей Дригин

Хабаргузории Франс Пресс дар матлабе ба вазъи варзишҳои зимистона дар Тоҷикистон ва омодагии ин кишвар ба Олимпиадаи Сочӣ-2014 пардохтааст.

Тоҷикистон шояд фақиртарин аз 5 кишвари шӯравии пешин аст, ки ҳамчун “истон”-ҳо маъруфанд, вале ин вазъият ин кишвари дар бунбасти Осиёи Марказиро аз орзуҳои баланд, ҳатто дар риштаи варзиш манъ намекунад.
Кишваре, ки бо фақри фарогир ва набард алайҳи чирикиҳои исломӣ дастбагиребону будаву бо Афғонистон ҳаммарз аст, боз ҳам фурсату ҳавсала пайдо кардааст, ки рӯи фатҳи қуллаи нав – Бозиҳои зимистонаи олимпӣ – бияндешад.

Қарор аст, Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи Сочӣ, ки моҳи феврал(соли 2014- Озодӣ) шурӯъ мешаванд, ду лижарон – Андрей Дригин ва Алишер Қудратовро бифиристад.

Дар ин кишвар танҳо як пойгоҳи лижаронии бозмонда аз аҳди Шӯравӣ мавҷуд аст, ки танҳо як хатти расидан то қуллаи кӯҳро дорад ва ба худи ин минтақа низ танҳо тавассути мошинҳои ҷип метавон расид. Ва ин ҳам дар ҳоле ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистон кӯҳистон таъриф мешавад. Ин барои пешрафти лижаронӣ хеле муносиб бояд бошад, вале камбуди зербино ва камбуди пул достони муваффақияти ду лижарони тоҷикро хеле заиф мекунад.

Тоҷикистон бо вуҷуди се медал дар ду Олимпиадаи ахири тобистона собиқаи хеле хоксоронаи варзишӣ дорад. Ва ин кишвар то ҳол ба дарёфти медале дар Олимпиадаҳои зимистона даст наёфтааст.

Бо ин вуҷуд, ду варзишкори ҳаваскор аз миёни садҳо дар танҳои пойгоҳи лижаронии Тоҷикистон дар 50-километрии шимоли Душанбе (Сафедорак - Озодӣ) маҳорати худро сайқал медиҳанд. Аз Тоҷикистон танҳо Дригин, ки алакай собиқадори се Олимпиадаи зимистон аст, ва Қудратов аз 7 то 23 феврали соли 2014 дар мӯътабартарин сабқати олимпӣ намои ҳунар хоҳанд кард.

Шумори онҳо метавонист ду маротиба ба афзуда, ба 4 нафар бирасад, вале дуи дигар роҳхат ба Бозиҳои олимпиро ба даст оварда натавонистанд. Яке ба иллати садамаи нақлиётӣ дар Эрон ва дувумӣ, ки ҳамагӣ 17 сол дораду умеди варзишҳои зимистонаи Тоҷикистон ба шумор меравад, дар мусобиқоти пешакӣ ноком шуд.

Шореҳи варзиш Латофат Саидова мегӯяд, ҷаҳон набояд аз он ки рамзи кишвар – TJK-ро дар либоси лижаронҳо мебинад, дар ҳайрат биуфтад. “Зарфият ва шумори зиёди дӯстдорони лижаронӣ дар кишвар вуҷуд дорад, вале моро лозим аст, ки ба варзиши касбӣ сармоягузорӣ кунем. Варзишкорони мо таҷрибаи ками ширкат дар мусобиқоти байналмилалиро доранд ва мо ба ҳамин далел то ҳол ягон медал дар ин навъи варзиш ба даст наовардаем,” – меафзояд Латофат Саидова.

Ҳарчанд Тоҷикистон ҳанӯз беш аз 20 сол пеш истиқлолияташ аз Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуда буд, вале то соли 1997 дар гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ байни раҳбарияташ ва ҷангиёни исломӣ метапид. Бори аввал Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ Дригин соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситӣ намояндагӣ кард. Дар се Олимпиадаи баъдӣ низ намояндаи Тоҷикистон боз ҳам Дригин буд.


Пойгоҳи лижаронии Сафедорак
Пойгоҳи лижаронии Сафедорак
Сухангӯи Кумитаи олимпии Тоҷикистон Муродалӣ Тешаев мегӯяд, гумон аст, ки дар Бозиҳои оянда ҳам теъдоди тими Тоҷикистон бузургтар шавад. “Тайёрӣ дидан ба Бозиҳои зимистона хеле мушкил аст, чунки мо як маркази тамриние, ки сазовори чунин ном бошад, надорем,” – гуфт Тешаев ба Франс Пресс. Ба хотири онки дар мавсими тобистон тамрин бигиранд, варзишкорони тоҷик маҷбуранд “бо гурӯҳи лижаронҳо ба маҳалли пиряхҳо бираванд, ки ягон ҷои обод надорад ва онҳо ҳатто ғизову хаймаҳоро бо худ мебаранд,” – афзудааст Тешаев.

Аммо як масъала маблағгузорист, ҳарчанд ҳарду узви тими олимпии кишвар аз Кумитаи олимпӣ маоши дар муқоиса бо маоши миёна дар Тоҷикистон беҳтареро дарёфт мекунанд. Дригини 36-сола 1500 доллар ва Қудратови 26-сола 500 доллар маош доштаанд, ки дар қиёс бо 140 доллар маоши миёна дар Тоҷикистон беҳтар аст. Имтиёзи дигари Дригин ин аст, ки ӯ чанд сол боз дар Русия ба сар мебарад ва шогирдонро дар пойгоҳҳои лижаронии Аврупо тамрин медиҳад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, лижаронӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози рушд дар муқоиса бо анвоъи дигари варзишҳои зимистона боз ҳам чанд қадам пеш аст. Як гурӯҳи сновбордерҳо, ки соли 2012 таъсис ёфта, акнун ин навъи варзишро дар Тоҷикистон таҷриба мекунад, ба дувумин навъи маъруфи варзишҳои зимистона дар ин кишвар табдил меёбад.

Франс Пресс
XS
SM
MD
LG