Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддаи 95-уми Шохиси рушди иҷтимоӣ-2014


Тибқи гузориши Social Progress Imperative, ки рӯзи ҷумъаи 4-уми апрел мунташир шуд, Тоҷикистон аз назари шохиси рушди иҷтимоӣ дар соли 2014, дар мақоми 95-ум қарор дорад.

Шохиси рушди иҷтимоӣ иборат аз шохисҳои муҳитӣ ва иҷтимоӣ бо дарназар гирифтани се паҳлӯ -- ниёзҳои аввалия, некуаҳволӣ ва имкониятҳо, баёнгари мизони пешрафти иҷтимоии кишварҳост.

Бо ин ҳол муаллифони гузориши Social Progress Index 2014 дар ин созмон, ки мақарраш дар Амрико мебошад, таъкид кардаанд, ки шохиси ҳозир бар асоси муваффақиятҳои чашмгири ҷомеаҳо ва кишварҳо андозагирӣ шуда, на тарҳҳо ва талошҳои онҳо барои пешрафт.

Ба ин тартиб, бар асоси шохис, панҷ кишвари Зеландияи Нав, Шведсария, Исланд, Голландия ва Норвегия ба тартиб мақомҳои аввал то панҷумро дар арсаи пешрафти иҷтимоӣ ба даст овардаанд.

Аммо дар миёни 132 кишвари мавриди баррасии муаллифони ин гузориш, Тоҷикистон дар раддаи 95-и пешрафти рушди иҷтимоӣ, як радда поинтар аз Эрон қарор гирифтааст. Дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар мақоми 86, Узбакистон дар ҷои 92 ва Қирғизистон дар раддаи 93 қарор доранд.

Панҷ кишвари поёнии ин ҷадвали шохиси пешрафти иҷтимоӣ низ аз рутбаи 132 то 128 иборатанд аз Чад, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Бурундӣ, Гена ва Судон, ки ҳамагӣ дар қораи Африқо қарор доранд.

Таҳиякунандагони ин гузориш барои санҷиши шохиси пешрафти иҷтимоӣ дар кишварҳои мухталиф мизони дастрасӣ ба ниёзҳои аввалияи афрод аз ҷумла обу маскан, дастрасӣ ба иттилоот ва беҳдошт, ва имкониятҳо аз ҷумла ҳуқуқ ва озодии фардиро дар назар гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG