Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Аграриҳо" бидуни эътилоф дар интихобот ширкат мекунанд


Амир Қароқӯлов, раиси Ҳизби Аграии Тоҷикистон.

Амир Қароқӯлов, раиси Ҳизби Аграии Тоҷикистон.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ, бидуни эътилоф ба кадом ҳизбу гурӯҳе, вориди корзор хоҳад шуд.

Ин ҳизб рӯзи 17-уми август дар қароргоҳи худ дар шаҳраки "Гипрозем"-и пойтахт ҷаласа баргузор кард ва омодагии худpo ба интихобот эълон намуд.

Зиё Раҳмон, узви Раёсати кумитаи марказии Ҳизби аграрӣ рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷаласа рӯзи шанбе сурат гирифт ва дар он раиси ҳизб академик Амир Қароқӯлов изҳор доштааст, ки аграриҳо бидуни кадом эътилоф ва бе ҳамкорӣ бо ягон ҳизби дигар, мустақилона ва бо номзади худ дар интихобот ширкат хоҳанд кард.

Ин масъули Ҳизби аграрӣ афзуд, ҳизби онҳо ширкати ҳатмии худро бо номзади худ дар интихобот бидуни натиҷаи интихобот муҳим медонад. Ба гуфтаи оқои Зиё Раҳмон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки тақрибан як моҳ баъд, дар таърихи 17-уми сентябр анҷумани худро баргузор намояд ва имкон дорад дар он номзади худро низ эълон дорад.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар соли 2005 таъсис шуда феълан ба қавли масъулонаш ҳудуди 29 ҳазор узв дорад. Ҳамакнун ин бори дуввум аст, ки Ҳизби аграрӣ дар маъракаи интихоботи президентӣ ширкат хоҳад кард. Бори нахуст ин ҳизб дар интихоботи президенти соли 2006 бо номзади худ академик Амир Қарақӯлов ширкат карда буд.

Дар ҳамин ҳол раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки демократҳо дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҳизбро баргузор карда ва тасмим гирифтанд, ки Анҷумани ғайринавбатии қабл аз инитхоботии худро рӯзи 17 сентябри соли равон баргузор кунанд.

Авоили ҳафтаи гузашта Абдуҳалим Ғаффоров, ки аз тарафи Вазорати адлияи Тоҷикистон раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон эътироф шудааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябр бо барномаи нав ва бештар иҷтимоӣ вориди корзор хоҳад шуд.

Оқои Ғаффоров дар ин изҳороте, ки ба Радиои Озодӣ овард аз талошҳои раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба ташкили як эътилофи интихоботӣ шадидан интиқод карда, эълом дошт, ки Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар ин эътилоф ширкат нахоҳад кард.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ ҳудуди ду моҳ қабл эълон карда буд, ки тасмимаш барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷиддӣ аст. Ҷаноби Зоиров гуфта буд, ки "бо такя ба неруҳои демократӣ умед баста метавонам номзадии худро пешниҳод кунам ва мубориза кунам ва ин роҳи дуруст аст, ки интихоб кардам ва албатта ин тасмими ман ҷиддӣ аст."

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, умдатарин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон то кунун ба таври рӯшан аз наҳваи ширкати худ дар ин интихобот сухан нагуфтааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ахиран дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ҲНИТ аз номзади ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ намекунад. Ба ин далел ҳизб ё номзади худро пешниҳод хоҳад кард ва ё аз номзади ягонаи нируҳои мухолифон ҳимоят мекунад

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад ва ба то кунун ба ҷуз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳеҷ гуруҳи дигар номзади худро муаррифӣ накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG