Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев бори чаҳорум раиси Маҷлиси миллӣ шуд


Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бори чаҳорум раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуд. Аз 32 узви Маҷлиси миллӣ ҳама ба тарафдории ӯ раъй додаанд.

Дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллӣ, ки рӯзи 17 апрел бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллиро Қаҳҳор Маҳкамов президенти собиқи Тоҷикистон ҳамчун узви бузургсоли Маҷлиси миллӣ оғоз бахшид ва дар ибтидо номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба ҳайси раиси нави Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард.

Бинобар пешниҳод нашудани номзадҳои дигар, дар бюллетенҳои овоздиҳӣ танҳо номи Маҳмадсаид Убайдуллоев ворид шуд ва шаҳрдори Душанбе бидуни рақиб, барои бори чаҳорум ба ин мақом такя зад. Мувофиқи маълумоти раиси комиссия Шоев Нуралй, аз 32 нафар узви Маҷлиси миллӣ ҳама ба тарафдории Маҳмадсаид Убайдуллоев овоз доданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини аввал ва Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шудаанд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз шахсиятҳои муҳим дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи қариб ду даҳаи охир ҳам аз лиҳози нуфуз ва аз нигоҳи мақом раҳбари дуюми кишвар ба шумор меравад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст. Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол - солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт. То соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт.

Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштан, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд. Аммо ҳамагӣ баъди чанд моҳ ба ҷои Юрий Поносовшаҳрдори Душанбе интисоб шуд. Убайдуллоев баъди таъсиси маҷлиси болоии порлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва инак 15 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 3 фарзанд – ду писар ва як духтар – дорад. Писари калониаш –Ҷамолиддин Убайдуллоев – 35 сол дошта, раҳбари раёсати созмонҳои хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мебошад. Амирҷон Убайдуллоеви 33-сола як сол пеш баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул аз Вошингтон ба Душанбе баргашт ва муовини сардори раёсати молияии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон таъин шуд. Духтари шаҳрдори Душанбе Нигина Убайдуллоева 26 сол дорад.

ВОКУНИШҲО

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси тоҷик дар робита ба интихоби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳайси раиси Маҷлиси Миллӣ мегӯяд, вақте дақиқ шуд, ки Убайдуллоев дар сини нафақа ҳам шаҳрдори Душанбе боқӣ мемонад, раиси ММ шуданаш пешгӯишаванда буд.

Ӯ мегӯяд: “Вақте дар ин вазифа монд, мантиқан маслиҳат ва мувофиқае, ки қаблан бо президен доштанд ва ҳусни тафоҳум буд, дар низоми ҳокимияти давлатӣ бояд мақоми дуюмро ишғол мекард. Усул ва шарти ҳамкорӣ ин дафъа низ риоя шуд ва инро пешбинӣ кардан мумкин буд. Дар акси ҳол, ба ин мансаб метавонистанд, дигар шахсон, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ҳастанд, таъин кунанд, аммо шарти асосии робитаи Эмомалии Раҳмон ҳамчун сардори давлат бо Убайдуллоев ҳамин буд. Яъне, то вақте дар низоми давлатдорӣ Эмомалӣ Раҳмон рақами аввал аст, Убайдуллоев рақами дуюм боқӣ мемонад. Дар низоми давлатдории мо ба таври ғайрирасмӣ нафари сеюм, яъне раиси Маҷлиси намояндагон намояндаи навоҳии тобеи ҷумҳур ва нафари чорум, сарвазир намояндаи шимол аст, ки ин чанд сол боз ба ҳамин шакл идома дорад”.

ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) қаблан эълон карда буд, ки рӯзи 27 марти соли ҷорӣ 25 узви Маҷлиси миллӣ интихоб шудаанд. Ҳашт курсии палатаи болии парлумони Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон таъин мекунад.

Маҳмадсаид Убайдуллое​в, Бахтиёр Худоёрзода ​--​ раиси дастгоҳи иҷроияи президент, Маҳмаисуф Имомов ​--​ раиси донишгоҳи миллӣ, Наргис Раҳмонова ​--​ котиби илмии пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва Нуралӣ Шоев ​--​ раиси донишгоҳи технологии низ узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе интихоб шудаанд.

Аз Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода -- раиси ин вилоят, Ҷаббори Ғаффор -- раиси Бохтар, Хайруллои Амонулло -- раиси Кӯлоб, Саидумрон Абдураҳмонзода -- раиси Қубодиён ва ​Миралӣ Раҷабзода -- раиси Норак ​ва дар Суғд Абдураҳмон Қодирӣ – раиси ин вилоят, Раҷаббой Ахмадзода – раиси Хуҷанд, Наим Набизода - раиси Истаравшан, Ислом Шафиев – раиси Панҷакент ва Раҳмон Шораҳматов - директори литсейи №3-и шаҳри Исфара низ ба палатаи болоии парлумон роҳ ёфтаанд.

Аз Бадахшон Шодихони Ҷамшед - раиси ин вилоят, Қимматгул Алибердиева - раиси Хоруғ, Саидбурҳон Абдураҳмонзода – раиси Дарвоз, Зикрихудо Самадов – раиси Ишкошим, Ҳарамбегим Маҳтобшоева, директори литсейи президентии шаҳри Хоруғ ва ҷониби шаҳру навоҳии тобеи марказ Раҳмоналӣ Амирзода - раиси Ваҳдат, Қаноатшо Лоиқзода - раиси Рашт, Абдураҳмон Ҷӯраев - раиси корхонаи алюминиюми тоҷик ё ТАЛКО, Саёҳат Додоҷонова - раиси ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, Қурбонмурод Неъматов – мудири ширкати "Роҳи тоҷик" узви Маҷлиси миллии кишвар шудаанд.

Интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ рӯзи 27 март дар 5 ҳавза сурат гирифт ва дар он 25 номзад ба вакилии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуда буданд. Дар маҷмӯъ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз 33 намоянда иборат аст, ки 25 нафараш аз сӯи маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд ва 8 вакилашро раисиҷумҳур таъин мекунад.

Тибқи Қонуни Асосӣ, раисҷумҳурҳои собиқ низ узви доимии Маҷлиси миллӣ мешаванд. Ҳоло Қаҳҳор Маҳкамов, ки солҳои 1983-1991 ба ҳайси котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунист, раиси Шӯрои Олӣ ва дар солҳои 1990-1991 ба ҳайси нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбари якуми ин кишвар буд, узви 34-ум ва доимии Маҷлиси миллист.

Таърихчаи Маҷлиси миллӣ

Маҷлиси миллӣ ба ҳайси маҷлиси болоӣ дар низоми парлумонии Тоҷикистон дар чорчӯби ислоҳоти Қонуни асосии ин кишвар дар соли 1999 таъсис ёфт ва нахустин интихоботаш соли 2000 сурат гирифт. Он ислоҳоти Қонуни асосӣ дар чавкоти созишномаи сулҳ бо мухолифин анҷом ёфта буд. Ба бисёриҳо бар ин назаранд, ки он вақт тарси шикасти гурӯҳи ҳоким дар интихобот вуҷуд дошт ва палатаи болоии парлумонро мақомоти вақт барои ҳамин таъсис доданд, ки агар назорати Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумон ба дасти мухолифин биафтад, Маҷлиси миллӣ ҳамчун палатаи болоӣ битавонад дар роҳи қудратталабии маҷлиси поёнӣ садҳои қонунӣ эҷод кунад.

Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои фаровоне бархӯрдор аст ва аз ҷумла номзадҳо ба мақомҳои баланде, чун додситони кулл ва додрасҳо дар тамоми сутуҳи додгоҳиро ҳамин маҷлиси тасдиқ мекунад. Баррасии тарҳи будҷа ва таъйиди қонунҳои конститутсионӣ низ баъди тасвибашон аз сӯ Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ супурда мешаванд.

Аммо ҳоло бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, палатаи болоии парлумон маъмулан хоси кишварҳои дорои низоми федеролист ва дар шароити Тоҷикистон ҳифзи Маҷлиси миллӣ дигар зарурате надорад. Хусусан дар ҳоле ки нигаронии доираҳои ҳоким аз эҳтимоли пирӯзии аҳзоби мухолиф дар интихоботҳо натанҳо беасос баромад, балки дар интихоботи парлумони рӯзи 1 март ҳизбҳои мухолиф дар парлумон комилан бекурсӣ монданд.​

XS
SM
MD
LG