Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Stockmarket" барои сарватмандони Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон то ду моҳи дигар бозори фурӯши саҳмия ва коғазҳои қиматнок боз мешавад - ҷое, ки метавонед саҳмияҳои Роғунро бифурӯшед ва ё бихаред.

Дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш муассисаи мутамарказе барои фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” пайдо накарданд ва саҳмияҳоро баста-баста ба мардуму корхонаҳо фурӯхтанд, ба наздикӣ биржаи махсуси муомилоти саҳмия ва коғазҳои қиматнок таъсис меёбад. Баъд аз солҳои дарози такопӯву барномасозӣ, дар ниҳоят дар Тоҷикистон биржаи фондӣ ташкил мекунанд ва ба гуфтаи мақомот ширкату ҷамъиятҳои саҳҳомӣ метавонанд саҳмия фурӯшанд ё бихаранд ва барои рушди тиҷорати худ аз дохил пул пайдо кунанд. Исми ин муассиса - “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” буда, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, қарор аст моҳи октябр ба кор шурӯъ кунад.

Дар ин бора Нӯъмон Абдуҷабборов, раҳбари котиботи Шӯрои машваратии беҳтар кардани фазои сармоягузории Тоҷикистон рӯзи 25 –уми август ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки ин биржа аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таъсис ёфта ҳоло корҳои ташкилӣ ҷараён дорад. Айни замон масъалаи ташкили биржа ва таъмини он бо системаҳои муосири компютерии муомилот ва барномаи байналмилалии хариду фурӯши коғазҳои қиматнок идома дорад.

Ҳанӯз маълум нест, ки биржа аз тарафи кадом гурӯҳи соҳибкорон ё тоҷирон таъсис шудааст. Ташкили биржаи фондӣ як қадами аввал дар самти ташкили бозори молии дохилӣ аст ва мардуми сарватманд метавонанд дар он ширкат кунанд, ки “пули хобида” ва, ба қавли иқтисоддонҳо, маблағи озод доранд ва намедонанд онҳоро чӣ гуна ба гардиш дароранд.

Иқтисоддонҳо ташкили биржаи фондиро барои Тоҷикистон ногузир медонанд, зеро иқтисоди бозаргонӣ бе биржаи фондӣ иқтисоди комилан бозаргонӣ комил ба ҳисоб намеравад. “Биржа як ниҳоди ҷиддии молӣ дар бозори умумӣ (IPO) аст, ки барои ҳар кишвар ва аз ҷумла кишвари мо муҳим аст. Ман ба онҳое, ки барои ин кори муҳим дасту остин барзадаанд, муввафақият мехоҳам”, гуфт Алишери Қурбоншо, мутахассиси тоҷик, ки муомилот бо коғазҳои қиматбаҳоро омӯхтааст.

Дар Тоҷикистон то охири соли 2014-ум 259 ширкату ҷамъияти саҳҳомӣ бо арзиши тақрибан 10 миллиард сомонӣ ва ё муодили 1 миллиарду 600 миллион доллар саҳмияву коғазҳои гаронбаҳои худро дар вазорати молия сабт кардаанд. Аммо дар байни онҳо муомилот вуҷуд надорад, тиҷорати саҳмия ва коғазҳои гаронбаҳо парокандаву ноустувор сурат мегирад ва тоҷирону афроди алоҳида гоҳ-гоҳе бастаи назоратии саҳмияҳоро мехаранд. Гузашта аз ин, саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ аз сабаби набудани биржа нархнома (котировка) ва баҳои расмии дар “listing” сабтшуда надоранд.

Сулаймон Чиллаев, як намояндаи Оҷонси рушди бозори коғазҳои қиматбаҳои вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, иқтисодиёти тоҷик ба фаъолияти чунин ширкат эҳтиёҷ дорад, вале айни замон бинобар ривоҷ наёфтани ин самти иқтисод, ҳамаи саҳмияҳои мавҷуда ба тариқи ғайрибиржавӣ харидуфурӯш мешаванд. Дар сурати шурӯи кори бозори дуввумдараҷа ҳар ширкати саҳҳомӣ метавонад харидуфурӯши саҳмияҳои худро дар ҳамон биржа амалӣ кунад, гуфт ӯ.

То охири соли 2014 дар кишвар ба 14 муассисаву бонкҳо иҷозаи фаъолият дар арсаи муомилот бо коғазҳои қимматнок дода шудааст, ки дар байни онҳо “Сомон Капитал”, “Ориёнбонк”, “Капитал Плюс” ва “Агроинвестбонк” низ ҳастанд. Шеваи кори биржа чунин аст, ки шумо саҳмияи як ширкатро 100 сомонӣ мехаред ва агар ширкат тиҷорати муваффақ дошт, қимати саҳмия боло меравад ва онро метавонед бо қимати, масалан, 150 сомонӣ бифурӯшед ва фоида ба даст биёред. Агар саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро дошта бошед, метавонед дар ҳамин биржа ба талабгорони он бифурӯшед ва агар ба ояндаи он хушбин бошед, метавонед бихареду дар оянда баъди ба кор даромадани Роғун дивидент, яъне фоида бигиред. Худи нерӯгоҳи Роғун то кунун дар ҳаҷми бештар аз 800 миллион сомонӣ саҳмия фурӯхтааст ва метавонад, бо арзиши бештар аз 1 миллиард сомонӣ ҳам саҳмияҳои худро ба бозор ворид кунад.

Вале ин суол низ матраҳ аст, ки дар Тоҷикистон, оё ба қадри кофӣ ширкатҳои ҳавасманди харидуфурӯши саҳмия вуҷуд дорад, ё не. Посухи баъзе аз иқтисодшиносон мусбат аст ва онҳо мегӯянд, ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон намуна ҳастанд, ки метавонанд, саҳмияҳои худро ба фурӯш бигузоранд, барои тавсиаи фаъолият пул пайдо кунанд ва ба саҳҳомони худ дивидент ҳам бидиҳанд. Вале талошҳо дар Тоҷикистон барои таъсиси биржаҳои фондӣ дар гузашта натиҷа надода ва рӯи коғаз мондаанд. То соли 2007 дар ҷумҳурӣ "Биржаи марказии фондии Тоҷикистон" вуҷуд дошт, ки фаъолият намекард ва дигар иҷозаномааш тамдид нашуд. Биржаи фондии Душанбе, ки ҳам чанд сол пеш сабт шуд ва як вазифааш хариду фурӯши саҳмияҳои Роғун буд, аслан фаъолият намекунад ва маълум нест, сарнавишти он чӣ мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, агар “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” ҳам дар Тоҷикистон боз шавад, ҳама ҷамъиятҳои саҳҳомиву ширкатҳо барои хариду фурӯши саҳмия ба ин ҷо намешитобанд, зеро дар ин соҳа таҷрибаи кам доранд ва аз риск кардан метарсанд.

XS
SM
MD
LG