Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виллер Оливейраи бразилӣ ба "Истиқлол" мегузарад


Масъулони бошгоҳи футболи "Истиқлол" мегӯянд, Виллер Соуза Оливейраи бразилӣ ба зудӣ ба тими онҳо хоҳад пайваст.

Виллер Соуза Оливейра, ҳамлагари 33-солаи бразилӣ, дар рӯзҳои наздик бо бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе қарордод имзо хоҳад кард. Вай солҳои пеш дар дастаи «Анжӣ»-и Махачқалъа бозӣ кардааст.

Муродҷон Умаров, менеҷери «Истиқлол», ба торнамои бошгоҳи "Истиқлол" гуфтааст, "ҳоло ҳамсари Оливейра ҳомиладор аст. Дар сӯҳбати телефонӣ вай ба ман гуфт, ки моҳи март ба Душанбе меояд. Оливейра – ҳамлагари хеле зӯр аст, маҳорати баланд дорад, ки хоси бозигарони бразилӣ мебошад. Мо сабти навори бозиҳоро бо ширкати ӯ дидем ва , бешак, футболбози бразилӣ ҳайати дастаи моро пурқувват хоҳад кард. Дар дастаи "Истиқлол" Оливейра таҳти рақами 8 бозӣ мекунад."

Виллер Соуза Оливейра 18-уми ноябри соли 1979 таваллуд шудааст. Дар дастаҳои зерин бозӣ кардааст: «Итапипока Эшпорте» (Бразилия, 1999-2001), «Индепенденте» (Аргентина, 2001) , «Анжӣ» (Махачқалъа, 2002-2004), «Динамо» (Брянск, 2004-2005), «Луч-Энергия» (Владивосток, 2005-2006), ФК «Орёл» (2006), «Судува» (Литва, 2007, «Сморгон» (Беларус, 2008), «Форталеза», «Ферровиарио», «Горизонт» (Бразилия, 2009), «Алянса» (Салвадор, 2010), «Вигра» (Лаҳистон ё Полша, 2011). Оливейра дар мусобиқаи қаҳрамонии Гватемала бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG