Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

36 кушта дар 3 сол дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар 3 соли охир дар марз бо Афғонистон 36 силоҳбадаст кушта ва 3,5 тонна маводи мухаддир ва 120 мил аслиҳа мусодира шудааст.

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, то ёриҳои худро барои таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон афзоиш диҳад, зеро хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 эҳтимоли таҳдидҳои амниятиро дар ин минтақа ба маротиб бештар хоҳад кард.

Ин нуктаро Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии дурӯза дар мавзӯъи «Беҳбуди идораи марзҳо ва ҳамкориҳои байнимарзӣ» бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо ва сафорати Ҷопон», ки рӯзи 4 март дар Душанбе оғоз ёфт, иброз дошт. Вай гуфт, дар 3 соли охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 180 амалиёт ва 38 даргирӣ рух дода, 36 қочоқбари мусаллаҳ кушта шудаанд.Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Умаров, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 3, 5 тонна маводи мухаддир ва 120 мил аслиҳа кашф ва мусодира кардаанд.

Бо вуҷуди ин, гуфт ӯ, Тоҷикистон дар таҳкими марзи 1400-километрии худ бо Афғонистон ба ёрӣ ниёз дорад: “Ҳамкориҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, танҳо ба қушӯнҳои сарҳадӣ ба маблағи 45 миллион доллари амрикоӣ кӯмак пешниҳод шудааст, як қатор лоиҳаву чорабиниҳо амлаӣ гардиданд, ки ба ташкили низоми нави идоракунии сарҳад таъсири хуб расонидаанд. Аммо ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масаъалаҳои татбӣиқи стратегия хоҳиш менамоям, ки диққати бештар барои татбиқи амалии стратегия равона намуда, аз гузаронидани чорабиниҳои сермасрафу камфоида ҷилавгирӣ шавад.

Полковник Абдулвоҳид Мирзоев, сардори раёсати нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба берун шудани нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва интихоботи қарибулвуқӯи Афғонистон, эҳтимоли фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва таҳдидҳо ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳам бештар шавад.

Ӯ афзуд: “Мумкин аст, ки гурӯҳҳои терористӣ аз он ҷумла Толибон барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ, ғасби ҳукумати ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мавқеи худро дар ин давлат мустаҳкам кардан ба назар хоҳад расид, ки ин ба амнияти сарҳади давлатӣ ҳам таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ва имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими марз ва ҳифзи сарҳаду таъмини амният ҳама кӯшишу чораҳоро андешида шуда истодааст.

Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, давлати Тоҷикистон қодир ҳаст, ки амнияти сарҳади давлатиашро таъмин намояд ва вазъиятро зери назорат қарор диҳад. Ба таъкиди ӯ, ҳоло марзбонони ҳар ду кишвар ҳар 3 моҳ барои тақвияти ҳамкорӣ гирди ҳам меоянд. Аммо барои ҷилавгирӣ аз ин таҳдидҳои эҳтимолӣ ва таъмини амният дар марз, Тоҷикистон ба кӯмакҳои ҳарбиву техникии бештар ниёз доштааст.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар чанд соли ахир ба тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунанд. Ба хусус Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар тармиму бозсозии дидбонгоҳҳо ва посгоҳҳои марзӣ ва муҷҷаҳаз кардани онҳо бо василаҳои замонавии фаннӣ кӯмак кардаанд.

Иштван Нитрай, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гуфт: Пас аз берун рафтани нерӯҳои ҷангандаи Амрико аз Афғонистон ҳам барои мо марзи Афғонистон ва худи ин кишвару ҳамкорӣ дар минтақа муҳим хоҳад монд. Бино бар ин чунин ҳамоишҳо бо ширкати намояндагони ду кишвар муҳим аст. Махсусан дар ҳоли ҳозир, ки сару садоҳо роҷеъ ба паёмадҳои берун шудани нерӯҳои ҷангии Амрико аз Афғонистон зиёд шунида мешавад ва маълум нест, ки баъди соли 2014 чӣ вазъият пеш меояд. Бархе ҳам мегӯянд, ки ин марз бояд баста шавад, то хатаре пеш наояд. Мо бо ташкили чунин ҳамоишҳо ҷонибҳоро бо ҳам меорем, то бубинем, чӣ тавр мешавад ин масъаларо ҳал кард.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки ба маҳзи шароити ҷуғрофӣ ва кӯҳистониаш дуруст муҳофизат намешавад. Ин марз дар ҳоли ҳозир як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба шумор меравад.

Қаблан ҳам коршиносону мақомоти тоҷик аз таҳдидҳои эҳтимолӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф ҳарф мезаданд ва аз эҳтимоли сар задании ноамниҳои сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа нигаронӣ мекарданд. Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба манзури мубориза алайҳи терроризм вориди Афғонистон ҷобаҷо шуданд. Интизор меравад, нирӯҳои байналмилалӣ то поёни соли 2014 аз ин кишвари ҷангзада берун шаванд. Аммо мақомоти амрикоӣ чандин бор гуфтаанд, ки онҳо аз ин минтақа тамоман нахоҳанд рафт ва ҳамкориҳои амниятии худро бо тамоми кишварҳои минтақа, ба хусус бо Тоҷикистон идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG