Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Тоҷикистон ба Қирғизистон барқ надод?


Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Тоҷикистон дар масъалаи хариди нерӯи барқ ба Қирғизистон дар мавсими имсола посухи рад додааст. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 26 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ба далели зиёд шудани талабот ба барқ аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, онҳо наметавонанд Қирғизистонро бо барқи дархосткарда таъмин кунанд.

Усмонзода гуфт, ҷониби Қирғизистон имсол аз Тоҷикистон ба миқдори хеле зиёд барқ хостааст: “Дар воқеъ барои интиқоли нерӯи барқ ба Қирғизистон мо худдорӣ кардем, чун онҳо миқдори хеле калон дар ҳудуди 2 миллиард киловатт-соат неруи барқ дархост кардаанд. Аммо дар шароити феълӣ минтақаи шимоли мо ба неруи барқ ниёз дорад. Дар ин ҷо корхонаҳои зиёди саноати шабонарӯз ва бо иқтидори зиёд фаъолият доранд. Мо ҳоло танҳо имкон дорем тахминан 50 то 60 мегават барқ бидиҳем.”

Ба гуфтаи ҷаноби Усмонзода, имсол ҳам чун солҳои пешин ҷониби Қирғизистон барои ҳар киловат соат ба Тоҷикистон 2,5 сент пешниҳод кардааст. Аз Қазоқистон ҳам барқ бо ҳамин нарх пешниҳод шудааст. Гуфта мешавад соли гузашта ба Қирғизистон 200 миллион киловат соат барқ фурӯхта шуда буд.

Бо ин ҳол, ба таъкиди вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар қиёс бо солҳои пеш имсол содироти барқ ба хориҷи кишвар бештар шудааст: “Ҳоло бозорро ба тарафи Афғонистон бурда истодаем. Содироти барқ ба Афғонистон ҳоло ба 638 миллион киловат соат баробар шудааст.”

Посухи радди Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳолест, ки аввалҳои ҳамин моҳ муовини нахуствазири Қирғизистон Олег Панкратов ширкатҳои давлатии бахши энержӣ дар Қирғизистонро расман муваззаф кард, ки ба зудтарин фурсат масъалаи харидани нерӯи барқ аз Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.

Ҷаноби Панкратов дар ҷаласаи омодагӣ ба зимистонгузаронии 2016-2017 гуфтааст, ба қадри кофӣ захира кардани об дар обанбори Токтогул як шарти бидуни мушкил паси сар кардани зимистон хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъкид кард, ки дар соли 2015 бо вуҷуди он, ки соли сероб буд, ба миқдори 4 миллиард киловат соати нtрӯи барқ талаф ёфт: “Ҳоло об аз обанборҳои , асосан Норак бидуни тавлиди барқ раҳо мешавад. Соли гузашта обе, ки муодили 4 миллиард киловат соат буд, бидуни истеҳсоли барқ партов шуд.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан раҳбарияти кишвар аз он нигаронӣ карда буд, ки тобистон, Тоҷикистон ба далели набудани хатти интиқол ҳудуди 200 миллион долларро аз даст медиҳад.

Дар масъалаи шикоятҳо аз номувофиқатии қиммат барқ ба даромади моҳонаи мардум, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ гуфт, нархномаи арзонтарин барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин дар Тоҷикистон аст. Вай гуфт, “тарифи барқи Ҷумҳурии Малдова, 13 сент, Гурҷистон 7-8 сент, Қазоқистон 6-7 сент, Узбакистон 5-6 сент” аст. Нархи барқ дар дигар кишварҳо хеле баланд аст. Аммо сарвари давлат талош дорад, нархи барқро дар ҳамон сатҳе нигаҳ медорад, ки сокинон азоб накашанд.”

Усмонзода дар зимн аз нархи бозор мисол овард, ки дар даҳ соли ахир қариб қиммати ҳамагуна молу маҳсулот боло рафт, аммо нархи барқ зиёд тағйир накард: “Агар хоҳем, ки дар ҳама хонадон имрӯз барқ бошад бояд кӯшиш кунем, энергосистемаи Тоҷикистонро дастгирӣ кунем, то хатҳои кӯҳнаву фарсуда иваз шавад.”

Дар Тоҷикистон ҳар киловат соат нерӯи барқ ба аҳолӣ 12 дирам фурӯхта мешавад. Сокинон маъмулан аз он шикоят мекунанд, маблағе, ки ҳар моҳ бояд барои истифодаи барқ супоранд, ба ҷайбашон чандон мувофиқ нест.

Дар зимн, дар сӯҳбаташ бо хабарнигорони Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ҳамчунин аз вазъи ширкати “Барқӣ тоҷик” ситоиш кард ва гуфт, фаъолияти ин ширкат ҳоло ба фарқ аз солҳои пеш, беҳтар мешавад: “Барои мисол дар соли 2014 кормандони ширкат 7 моҳ натавонистанд маоши худро бигиранд. Ҳоло ҳама ниҳодҳои зертобеи ин ширкат сари вақт маоши худро мегиранд.”

Ба гуфтаи вазир, имрӯз ширкати “Барқи тоҷик” истеҳсол дорад, аммо бозори гарм надорад. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои маъмурияти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, то ҳол ширкати “Барқи Тоҷик” ба миқдори 80 миллион доллар пули барқи истифодашударо пардохт накардааст. Ба ин далел, ин нерӯгоҳ натавонистааст, қарзи андозро ба миқдори беш аз 14 миллион сомонӣ ба будҷаи Тоҷикистон супорад.

Бо ин ҳама вазири энергетика ва захираҳои об мегӯяд, онҳо ба он умед доранд, ки бо роҳандозии лоиҳаи “КАСА- 1000” вазъ дар ин самт беҳтар ва бозори наве барои барқи ин ширкат пайдо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG