Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: "Тавони пардохти кумакпулӣ ба ҳама бекоронро надорем"


Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Тоҷикистон тавони пардохти кумакпулӣ ба ҳамаи бекоронро надоштааст. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе гуфт, ба далели камбуди маблағ дар буҷа вазорат наметавонад бекоронро бо кумакпулие, ки қонун пешбинӣ кардааст, таъмин намояд.

Ба қавли Сумангул Тағойзода, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар пайи буҳронӣ молӣ ва коҳиши маблағи буҷаи давлат вазорати меҳнат танҳо ба 50 дарсади бекорон кумакпулӣ додаасту бас. "Имсол ихтисоршавии зиёд, аз ҷумла дар бонкҳо дида мешавад. Музде, ки кормандони ихтисоршудаи бонкҳо ва ё баъзе ташкилоти байналмиллалӣ мегирифтанд, хеле зиёд аст ва муроҷиатҳо ба мо зиёд шудаанд. Аммо мо имкони пардохт кардани маблағи пурраи кумакпулиро ба ин нафарон надорем," – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Бобохон Баротзода – раҳбари Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ – гуфт, ҳоло кумакпулиҳо дар навбати аввал ба нафарони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва муваққатан бекор ва онҳое, ки як муддат бекор монда, дар ҷустуҷӯи ҷойи коранд, дода мешавад. Ба гуфтаи ин масъули Оҷонсии меҳнат, ҳукумати Тоҷикистон барои бо кумакпулӣ таъмин кардани бекорон дар соли 2016 ҳамагӣ 6 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ танҳо барои таъмини афроди аз хизмат озодшуда солона 11 миллион сомонӣ зарур аст.

Дар маҷмӯъ, барои ҳама бекорони расман сабтшуда дар кишвар 37 миллион сомонӣ лозим будааст. Баротзода гуфт, “мувофиқи нақша ва қарори ҳукумат бояд ба тамоми афроде, ки аз кор ихтисор шудаанд ва бекор ҳастанд, ба муддати се моҳ кумакпулӣ диҳем. Масалан, нафаре, ки агар се ҳазор сомонӣ маош гирад, мувофиқи қонунгузорӣ бояд дар моҳи аввал 1,5 ҳазор сомонӣ, яъне панҷоҳ дарсади маошашро гирад, дар моҳи дуюм 40 дарсади ҳуқуқи моҳона ва дар моҳи сеюм 30 дарсади маошашро ба ӯ ба унвони кумакпулӣ диҳем. Азбаски маблағ надорем, танҳо моҳи якум ва ё сеюмро пардохт карда метавонем.”

Вазири меҳнати Тоҷикистон дар ҳоле аз таъмини панҷоҳ дарсади бекорон бо кумакпулӣ хабар медиҳад, ки бинобар омори пешниҳодкардаи ин ниҳод, аз миёни 30 ҳазор бекор дар шаш моҳи ахир танҳо панҷуним ҳазор бекор барои се моҳ бо кумакпулӣ таъмин шудаанд, ки ин ҳам ҳамагӣ 16 дарсадро ташкил медиҳад.

Тибқи омори расмӣ, шумори бекорон дар Тоҷикистон ба беш аз си ҳазор нафар расидааст. Аммо бино ба оморҳои ғайрирасмӣ дар маҷмӯъ дар кишвар теъдоди бекорон се баробар бештар аз ин гуфта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз коҳиши буҷа ва набуди имкони пардохти кумакпулӣ ба бекорон хабар медиҳад, ки қисми зиёди афроди бе ҷойи кор дар ин кишвар ҳатто аз вуҷуди ҳамчунин кумакпулӣ огоҳ нестанд ва ба ҷое ҳам муроҷиат намекунанду танҳо ба нерӯву тавоноии худ таваккал мекунанд. Ин гурӯҳ бештар ба “кори сиёҳ” дар бозору хиёбонҳои кишвар машғуланд ва рӯзи худро дар интизори пайдо шудани коре дар мардикорбозорҳо шом мекунанд.

Алишер ҷавонест, ки тоза имсол мактаби миёнаро хатм кардаву ба далели надоштани шароити молӣ аз таҳсил дар донишгоҳ маҳрум шудааст. Ӯ аввалин рӯзи мустақилияти худро дар мардикорбозор сипарӣ кард. “Падару модарам даромади хуб надоранд. Як хоҳару бародар дорам. Инҷо омадам, ки пул кор кунам. Аз дастам пӯхтани нон ва дигар анвои хӯрок меояд. Метавонам ин корҳоро барои ҳар касе анҷом диҳам,” – гуфт ӯ.

Даромади аслии буҷаи Тоҷикистон дар даҳсолаҳои ахир асосан аз ҳисоби пули муҳоҷирони корӣ аст, ки шумори онҳо дар Русия беш аз миллион гуфта мешавад. Пули ворезшуда аз ҳисоби муҳоҷирон дар даҳ соли ахир ҳамасола миллиардҳо сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳудуди 50 дарсади даромади нохолиси Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар пайи бӯҳронӣ молӣ ва бозгашти сели муҳоҷирони зиёд сафи бекорон ҳам дар кишвар афзоиш ёфтааст. Мақомот пайваста зимни сӯҳбат дар масъалаи бекорӣ, аз ташкили ярмарка ё намоишгоҳи ҷойҳои холӣ сӯҳбат мекунанд, аммо ҳоло аксари бекорон ҳам ба ин ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ дигар бовар надоранд. Чун таҷрибаи чанд соли охир нишон додааст, ҷойҳои корие, ки пешниҳод мешаванд, ё музди ночиз доранд ва ё барои иҷрои нақша баргузор мешаванду дар асл, бекоронро соҳиби ҷойи кор намекунанд.

XS
SM
MD
LG