Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон аз Вазорати меҳнат тақозо кардааст, ки барои пайдо кардани кишварҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик чора андешанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ниҳоду вазоратҳо дастур додааст, ки барои пайдо кардани кишварҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик чора андешанд. Ин нукта дар матни қарор "Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016" бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, зикр шудааст.

Дар ин қарор омадааст, "бояд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати илм ва маориф ҷиҳати гуногун (диверсификатсия) сохтани кишварҳо барои сафари муҳоҷирони корӣ чора андешанд." Дар идомаи ин фармон Вазорати меҳнат вазифадор шудааст, ки муҳоҷирони аз Русия баргаштаро пайваста аз ҷойҳои кории холӣ дар дохили кишвар хабардор кунад.

Ин дастури ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат дар ҳолест, ки шумори муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда ба беш аз 300 ҳазор нафар мерасад. Ҳамчунин уфти ба шиддати қурби рубли русӣ ҷаззобияти қаблии Русияро барои муҳоҷирони кории тоҷик коҳиш додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар ним соли равон дар муқоиса ба соли гузашта 8 дарсад кам шудааст. Дар ин муддат 306 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кишварро ба қасди кор дар Русия ва Қазоқистон тарк кардаанд. Дар ҳоле ки соли гузашта 311 ҳазор нафар ба ин ду кишвари муҳоҷирпазир сафар карда буданд.

Қазоқистон ва Русия ду кишвари аслии муҳоҷирони кории тоҷик боқӣ мемонанд. Соли гузашта аз 311 ҳазор нафар муҳоҷирон 305 ҳазор ба Русия ва 6 ҳазори дигар Қазоқистонро барои муҳоҷирати корӣ интихоб карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG