Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нави Стратегияи миллии рушди кишвар барои то соли 2030-ро таҳия карданист, ки ҳадаф аз он, рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар дар 15 соли оянда аст.

Тарҳи наве бо унвони "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030" дар нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории таҳияи он таҳти раёсати Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баррасӣ гашт. Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҷаласаи охири ҳафтаи гузашта намояндагони соҳаҳои мухталиф ширкат карданд ва ақидаи ом ин буд, ки дар навбати аввал бояд ба рушди иқтисодӣ диққат дода шавад.

Ин манбаъ рӯзи 11 май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷаласа масъалаҳои марбут ба лоиҳаи сохтори Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030, масъулони бахшҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони миллию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин манбаъ афзуд, ки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳгардида фикру андешаҳои худро баён карданд, ки чиҳати таҳияи Стратегияи миллии рушди кишвар барои то соли 2030 мусоидат хоҳад кард.

Як манбаъ аз вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи аслии таҳияи ин стратегия, мушаххас кардани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, пешгӯии сатҳи таваррум, рушди бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст.

Таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2030 дар ҳолест, ки паёмади бӯҳронҳои молӣ дар минтақа ва ҷаҳон то андозае ба иқтисоди ин кишвар таъсир гузошта ва мақомоти сатҳи баланди ҳукумат андешидани чораҳои зарурӣ дар ин замина ва таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои дарозмуддатро дар ин замина амри зарурӣ медонанд.

Ҳатто Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ эътироф кард, ки суръати рушди иқтисоди ин кишвар дар ду моҳи аввали сол нисбат ба як соли пеш кунд шуда, ба ҳисоби доллар, ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистон имсол 140 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Бино ба омори расмие, ки Бонки миллӣ нашр карда буд, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар моҳҳои январ-феврали соли равон ҳамагӣ 4,8 миллиард долларро ташкил додааст. Ин назар ба 2 моҳи аввали соли қаблӣ 5,2 фоиз бештар аст, вале аз нигоҳи суръати рушд – 1,9 фоиз камтар.

Ҳамин тавр, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-феврал назар ба айни давраи соли 2013 ҳудуди 15,8 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 615 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин миён 460 миллионаш (22 фоиз камтар аз як соли пеш) аз ҳисоби воридот ба даст омада, Тоҷикистон дар ду моҳи аввали сол ба хориҷа ба маблағи ҳамагӣ 149,4 миллион доллар, яъне 3 маротиба камтар аз воридоташ, мол фурӯхтааст, ки низ ба айни давраи соли гузашта 11,6 фоиз камтар мебошад.

Мақомоти Бонки миллӣ коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро асосан ба омилҳои берунӣ рабт додаанд. Ба гуфтаи онҳо, “вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, ноустувории ҳолати сиёсию иқтисодии кишварҳои шарикони савдо ва номӯътадилии нархи маҳсулоти асосии содиротии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири худро расонд.”

Маҷаллаи «Forbes» дар моҳи феврал иқтисоди Тоҷикистонро дар миёни 15 кишвари Шӯравии собиқ аз ҳама заиф ба қалам дода, дар ҷои охирин гузоришаш навишт, ки иқтисоди ин кишвар асосан аз ҳисоби пули фиристодаи беш аз 1 миллион муҳоҷираш мечархад. Аммо агар дар соли 2013 пули муҳоҷирони тоҷик ба 4,1 миллиард доллар расид, соли гузашта он танҳо 3,9 миллиардро ташкил дод ва имсол, бино ба пешбинии Сандуқи байналмилалии пул, боз 30 дарсади дигар коҳиш хоҳад ёфт.

Тоҷикистон 142 000 километри мураббаъ масоҳат ва 8 миллион аҳолӣ дошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш дар соли 2014 беш аз 45 миллиард сомонӣ, муодили чизе бештар аз 8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Буҷаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон тақрибан ба 3 миллиард доллар баробар мешавад. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар сол аз 4 миллиард доллар мегузарад, вале таносуби байни содирот ва воридоти кишвар шадидан манфӣ буда, Тоҷикистон назар ба моле, ки ба хориҷ мефурӯшад, то 4 маротиба бештар аз хориҷ мол ворид мекунад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, Тоҷикистон амалан ба як кишвари истеъмолкунанда табдил ёфтааст, ки ба хориҷ асосан 2 навъи маҳсулот - алюминий ва пахта – ва он ҳам дар шакли ашёи хом мефурӯшад, вале ин кишвар дар муқобил беш аз 90 дарсади бозорҳояш – сар карда аз гӯгирду сӯзан, орду макарон ва равғану гӯшт то досу белу ҳатто ҷомаву тоқии тоҷикиро аз хориҷ ворид мекунад. Чӣ расад ба маҳсулоти сохтанаш мураккабтаре, чун дастгоҳу мошин ё телефону компютар, ки сохтани онҳо дар худи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мисли як афсонаи боварнокарданӣ менамояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG