Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон барои пиёда кардани тарҳи CASА-1000 ҳамагӣ ба 50 миллион доллар ниёз дорад.

Имрӯз 4-уми декабр дар як нишаст доир ба масъалаи татбиқи тарҳи CASА-1000, ки аз тарафи Вазорати энергетика ва захоири оби кишвар баргузор шудааст таъкид гардид, аз маҷмуи 251 миллион доллар маблағе, ки Тоҷикистон барои амали кардини ин тарҳ ниёз дорад феълан 50 милилиони доллар боқӣ мондааст.

Рашид Гулов, як масъули ширкати «Барқи тоҷик» дар ин нишаст гуфтааст, ки Тоҷикистон барои кашидани хатти барқ аз қаламрави худ то Афғонистон ба 251 миллион доллар ниёз дошт, вале Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ҳудуди 200 миллион доллра аз ин маблағро тахсис хоҳанд дод.

Ба қавли ӯ имрӯз Тоҷикистон танҳо бо 50 миллион доллар барои татбиқи пурраи ин тарҳ ниёз доштааст.

Ахиран дар сомонаи тарҳи CASA-1000 иттилоъ пахш шуда буд, ки кишварҳои шомили ин тарҳ-Покистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон аз сармоягузорони Бонки аврупоии бозсохту рушд ва аз Бонки исломии рушд барои татбиқи ин барнома маблағ дарёфт мекунанд. Дар миёнаҳои моҳи сентябр дар Покистон нишасти Шӯрои байнидавлатии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ки дар он тарҳи тиҷоратии интиқоли барқ, маъруф ба CASA-1000, баррасӣ гардид. Чаҳор иштирокдори аслии ин тарҳ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон - бо имзои эъломияи cохтори тарҳ ва усулҳои калидии он, пуштибонии комили худро барои рушди аз ин барнома густарда дар соли 2014 баён намуданд. Ин эъломия дар сатҳи вазирони энержӣ имзо шудабуд.

Интизор меравад, ки CASA-1000 тиҷорати барқро дар байни чаҳор кишвар дар заминаи қарордодҳои дарозмуддат таъмин кунад ва 1300 мегават нирӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон расонад. Қарор аст, ки сармояи 1 миллиард доллар шароитро барои тиҷорати энержӣ мусоид карда, ду кишвари мӯҳтоҷи барқро аз ниёзмандӣ берун ва буҷаи ду кишвари Осиёи Марказиро ғанӣ созад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG