Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби футзали Тоҷикистон тими миллии футзали Афғонистонро бо ҳисоби 6:5 шикаст дод.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин даври сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ, дар гурӯҳи “А”, бар тими миллии футзали Афғонистон бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд. Ин бозӣ 14 ноябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар бозии аввали даври якум дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон ва Туркманистон бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 поён ёфт.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Туркманистону Қирғизистон бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Тими Афғонистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 15 ноябр байни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Афғонистон соати 11:00 ва Тоҷикистону Туркманистон соати 14:00 шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ интихоб карда буд. Сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи «Қасри варзиш»-и Хуҷанд, ки ғунҷоишаш 2670 тамошогар аст, баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ чаҳор дастаи мунтахаб –Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон– ширкат доранд. Аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Узбакистон – Тошканд – барпо мегардад, роҳ меёбад.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз он хушҳолем, ки сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар минтақаи Марказӣ дар кишвари мо доир шудааст. Қабл аз ҳама, меҳмононро ба Тоҷикистон хайра мақам мегӯям. Ин рӯйдоди таърихист. Кишвари мо барои аввалин бор мизбони чунин мусобиқаи пурнуфуз – сабқати интихобии чемпионати Осиё оид ба футзал - гардидааст. Фикр мекунам, ки ин мусобиқа барои рушди футзал дар кишварамон мусоидат хоҳад кард. Мо мекӯшем, ки ба даври баъдӣ роҳхат бигирем”.

Бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016-ро дар Хуҷанд шаш довари ФИФА ҳакамӣ мекунанд. Инҳо Абдулраҳмон Абдулқодир Абдулраҳмон Абдуллои 44-сола аз Баҳрайн, Жанг Юзеи 42-сола аз Чин, Ҳасан Муҳаммад Мӯсо Ал-Ҷабурӣ ва Хавкар Солор Аҳмад (ҳарду 35-сола аз Ироқ), Ҳусейн Маҳмуд Ҳусейн Халайлеҳи 44-сола аз Урдун ва Хамис Ҳасан Ал-Шамсии 34-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ. Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

14 ноябр (шанбе)

Қирғизистон — Туркманистон — 1:1

Голҳо: Мурод Аннаев, 10 (0:1). Еркин Табалдиев, 20 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд : Ватан Атаев (Туркманистон), 27 — корти 2-юми зард.

Сардовар: Ҳасан Муҳаммад (Ироқ).

14 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 1200 тамошобин.

Тоҷикистон – Афғонистон -6-5

Голҳои Тоҷикистон: Мансур Мамедбобоев , 11, 15, Шавқат Ҳалимов, 18, Умедҷон Мирзораҳимов, 19, Некрӯз Алимаҳмадов, 32, Алӣ Фаёз, 37 - ба дарвозаи худ.

Голҳои Афғонистон: Акбар Козимӣ, 6, 34, Ҳусейн Ходимӣ, 7, Меҳдӣ Ҳошимӣ, 31, Маҳдӣ Наврӯзӣ, 36.

Сардовар: Абдулраҳмон Абдулқодир (Баҳрайн).

14 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 1800 тамошобин.

Даври 2-юм

15 ноябр (якшанбе)

11:00 – Қирғизистон – Афғонистон

14:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

16 ноябр (душанбе)

11:00 – Афғонистон – Туркманистон

14:00 – Тоҷикистон– Қирғизистон

XS
SM
MD
LG