Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Қирғизистон


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд.

Мунтахаби наврасони футболи зери 16-солаи Тоҷикистон рӯзи 23 июн дар даври дуюми мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад.

Ҳисобро дар қисми аввали бозӣ Зиёвуддин Фузайлов, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон, боз кард. Ба он нигоҳ накарда ки Саидмухтор Азимов, футболбози навраси тоҷик дар оғози нимаи дуюми бозӣ барои ду корти зард майдонро тарк намуд, мунтахаби Тоҷикистон голи дуюмро ба самар расонд. Тӯбро ба дарвозаи қирғизҳо Рамз Амрохонов зад. Дар дақиқаҳои охири бозӣ ба бозигари мунтахаби Қирғизистон Гулҷигит Борубоев муяссар шуд, ки ҳисобро тағйир бидиҳад.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” шоми сешанбеи 23 июн мунтахаби Испания тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод ва амалан барои худ мақоми аввалро таъмин кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври охирини гурӯҳи «А» 25 июн бо мунтахаби Қазоқистон рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Футболбозони навраси тоҷикро барои он ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро ишғол намуда, дар ин мусобиқа барои ҷойи сеюм мубориза баранд, дар бозӣ бо наврасони қазоқ натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 22 июн дар нахустин даври ин мусобиқа аз тими Испания (U-17) бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашта буд.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомиланд. Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои минбаъда талош хоҳанд кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 6 ҳазор доллар мукофотонида мешавад. Ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

Тоҷикистон - Қирғизистон — 2:1

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 29 (1:0). Рамз Амрохонов, 65 (2:0). Гулҷигит Борубоев, 77 (2:1).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим (Шамсулло Ҷӯраев, 80+4), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Фаридун Неъматов (Исломиддин Ғоибов, 76), Саидмухтор Азимов, Зиёвуддин Фузайлов (Амир Иброҳимов, 80+3), Шервонӣ Мабатшоев (Аслам Камолов, 41), Рамз Амрохонов (Искандар Солиев, 73), Мубинҷон Муъминов (Аваз Камчинов, 55).

Қирғизистон: Сичёв, Айтбоев, Мемисбеков, Ҷаксибалиев, Шигайбоев, Момошев (Шомурзоев 65), Алиқулов, Тошиев, Оразбек уулу (Борубоев 41), Сиддиқов, Шукуров.

Хориҷ шуд: Саидмухтор Азимов (Тоҷикистон), 41 – корти 2-юми зард.

23 июн. Остона. Варзишгоҳи «Остона-Арена». 100 тамошобин.

Қазоқистон – Испания – 0-5

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Испания

2

2

1

0

8-0

6

2

Тоҷикистон

2

1

0

1

2-4

3

3

Қазоқистон

2

1

0

1

3-6

3

4

Қирғизистон

2

0

0

2

2-5

0

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Беларус – Гурҷистон – 1:2

Русия-2 – Озарбойҷон – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Озарбойҷон

2

2

0

0

4-1

6

2

Гурҷистон

2

2

0

0

4-1

6

3

Беларус

2

0

0

2

2-5

0

4

Русия-2

2

0

0

2

0-3

0

Бозиҳои боқимонда

Даври 3-юм

25 июн (панҷшанбе)

9.00 – Гурҷистон – Озарбойҷон

12.00 – Русия-2 – Беларус

15.00 – Испания – Қирғизистон

18.00 – Қазоқистон – Тоҷикистон

Бозиҳои ниҳоӣ

26 июн (ҷумъа)

9.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

18.00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG