Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз тими Эстония бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Эстония ва Тоҷикистон шаби шанбеи 7-уми июн дар варзишгоҳи "А. Ле Кок Арена"-и шаҳри Таллинн бо ҳузури 2615 тамошобин баргузор шуд.

Дилшод Восиев, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 61-ум ҳисобро боз кард. Вале дар охири бозӣ мизбонон дар муддати се дақиқа ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Голҳоро Сиймс Лутс (89) ва Ханнес Аниер (90+2) ба самар расонданд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҳайати даста дар бозии байналмилалии дӯстона бо тими Эстония 18 бозигарро, ки дар байни онҳо танҳо як легионер - Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари бошгоҳи «Габала»-и Озарбойҷон, мебошад, дохил карда буд.

ЭСТОНИЯ – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Дилшод Восиев, 61 (0:1). Сийм Лутс, 89 (1:1). Ханнес Аниер, 90+2 (2:1).

Эстония: Михкел Аксалу, Энар Яэгер, Игор Морозов, Рагнар Клаван (Ало Бяренгруб, 46), Кен Калласте (Артур Пикк, 90+3), Герт Камс (Альберт Проса, 56), Иля Антонов, Карол Метс, Сергей Мошников (Римо Хунт, 46), Тармо Кинк (Сиймс Лутс, 46), Каймар Сааг (Ханнес Аниер, 81).

Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 70), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов (Искандар Ҷалилов, 90+8), Иброҳим Рабимов (Ромиш Ҷалилов, 86), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Амирбек Ҷӯрабоев, 57), Дилшод Восиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 83), Фатҳулло Фатҳуллоев, Фарҳод Тоҳиров (Ҳасан Рустамов, 87).

Огоҳӣ гирифтанд: Иля Антонов (Эстония), Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).
Сардовари бозӣ: Гедеминас Мажейка (Литва).

Бояд гуфт, ки ин аввалин бохти мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар се бозии пешини байналмилалии дӯстона бар тимҳои миллии Ҳиндустон (3-0), Қирғизистон (4-1) ва Афғонистон (1-0) ғалаба карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG