Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Яман дар Қатар


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидораш дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 аз мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “F” шаби 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро мунтахаби Яман бар ӯҳда дошт, баргузор шуд.

Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 9-ум, тӯбро аз хатти ҷаримагоҳ ба дарвозаи яманиҳо ворид карда, ҳисобро боз намуд. Вале дар дақиқаи 41-уми бозӣ ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Эргашев тӯбро ба дарвозаи дастаи худ зада, ҳисобро баробар кард. Баъд аз танаффус Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ дар дақиқаи 63-юм голи дувуми ҳалкунандаи мунтахаби Яманро ба самар расонда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил буданд, ки шаш нафарашон легионеранд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон).

Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ аз бозии дастааш муқобили мунтахаби Яман изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст: “Чунин муносибати бепарвоёна нисбат ба рақибро дар майдон барои аввалин бор дидам. Футболбозони мо мехостанд, ки пиёда Яманро мағлуб созанд, вале ҳоло ҳама футболбозиро ёд гирифтаанд ва пиёда ҳеҷ касро бурда намешавад. Бохти мо табиист. Дар мо, пеш аз ҳама рӯҳи ҷангӣ, ягонагӣ намерасид. Ин ба чӣ марбут аст, мо таҳлил мекунем. Ба бохт нигоҳ накарда, ҳама дар пеш аст. Албатта, бохтан ва аз имтиёзҳо маҳрум шудан ҳамеша аламовар аст, вале ин футбол аст. Мо бояд аз рӯи иштибоҳҳо омӯзем. Ва бохти имрӯза барои мо, ҳатман, дарс мешавад.”

Рӯзи сешанбеи 28 март дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин дар майдони худ тими Непалро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Бозии ояндаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 13 июн дар Душанбе бо мунтахаби Филиппин баргузор мешавад.

Ҷоми Осиё-2019. Мусобиқоти интихобӣ

Гурӯҳи «F». Даври 1-ум

Яман – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 9 (0:1). Давронҷон Эргашев, 41 – ба дарвозаи худ (1:1). Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ, 63 (2:1).

Яман: Муҳаммад Иброҳим Алӣ Аяш, Муҳаммад Фуад Муҳаммад Умар, Мудир Ал-Радаеӣ, Натек Хезам Каид Раҷеҳ, Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ, Аимон Ал-Ҳаҷрӣ (Тавфиқ Алӣ, 79), Абдулвосеъ Ал-Матарӣ, Аҳмад Алӣ Ал-Хифӣ (Фуад Солеҳ Муҳаммад Ал-Омайсӣ, 89), Ала Аддин Маҳдӣ, Ҳамад Аҳмад Муҳаммад Ал-Зубайрӣ (Малик Аҳмад Ал-Габрӣ, 73), Аҳмад Ал-Сарорӣ.

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Ҷаҳонгир Эргашев, 76), Ҷаҳонгир Алиев (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Фатҳулло Фатҳллоев (Нозим Бобоҷонов, 62), Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Ала Аддин Маҳдӣ (Яман), Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ (Яман).

Сардовар: Нагор Амир Бин Нур Муҳаммад (Малайзия).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣ: Ҷаргал Сухбаатар (Муғулистон).

28 март. Доҳа. Варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад. 380 тамошобин.

Филиппин – Непал – 4:1

Голҳо: Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 21 – аз пеналтӣ (1:0). Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 23 (2:0). Иан Рамсей, 27 (3:0). Бишал Рай, 45+1 (3:1). Хавйер Патинйо, 73 (4:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Бикрам Лама (Непал), 12 – вайрон кардани қоидаи бозӣ «умеди охирин».

28 март. Манила. Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал. 1715 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

1

1

0

0

4-1

3

2

Яман

1

1

0

0

2-1

3

3

Тоҷикистон

1

0

0

1

1-2

0

4

Непал

1

0

0

1

1-4

0

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»:

Даври 2-юм

13 июн (сешанбе)

Тоҷикистон – Филиппин

Непал – Яман

Даври 3-юм

5 сентябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон

Филиппин – Яман

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Мянмар – Ҳиндустон – 0:1

Қирғизистон – Макао – 1:0

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Лубнон – Ҳонконг – 2:0

Гурӯҳи «С». Даври 1-ум

Афғонистон – Ветнам – 1:1

Урдун – Камбоҷа – 7:0

Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

Умон – Бутан – 14:0

Молдив – Фаластин – 0:3

Гурӯҳи «Е». Даври 1-ум

Тайван – Туркманистон – 1:3

Баҳрайн – Сингапур – 0:0

XS
SM
MD
LG