Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки аз 30 миллион $ бештар доранд, 40 нафарро ташкил дода, маблағи умумиашон 6 миллиард $ баҳогузорӣ мешавад.

Ин нукта дар гузориши нави "World Ultra Wealth Report" таъкид шудааст, ки ҳамасола дар бораи одамони сарватманди дунё таҳия мешавад.

Бар асоси ин гузориш, теъдоди мултимиллионерҳои тоҷик ва ҳаҷми сармояашон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бетағйир мондааст. Ба иттилои нашрнамудаи созмон, сармояи ҳар мултимиллионери тоҷик ба ҳисоби миёна 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон аз рӯи шумораи нафарони сарватманд дар минтақа яке аз пасмондаҳо арзёбӣ мегардад. Шумораи нафароне, ки аз 30 миллион доллар сармояи бештар доранд, дар Узбакистон 80 нафар ва дар Қазоқистон 140 нафар будаанд. Маблағи умумии мултимиллионерҳо дар Узбакистон 12 миллиард доллар ва дар Қазоқистон ба 20 миллиард доллари амрикоӣ мерасад.

Теъдоди мултимиллионерҳои Туркманистону Қирғизистон дар гузориш инъикос наёфтааст.
Ин гузориш сарватмандони 160 кишвари дунёро фаро гирифта, дар асоси иттилои 1100 манбаъ омода шудааст. Русия аз рӯи теъдоди мултимиллионерҳо дар ҷаҳон, бо 1 ҳазору 145 нафар дар зинаи нӯҳум қарор дорад. Украина 480 мултимиллионер дорад, ки ҳаҷми умумии сармояаашон ба 55 миллиард доллар баробар аст.

Пешсафтарин кишвар, аз рӯи теъдоди мултимиллионерҳо дар ҷаҳон Амрико маҳсуб меёбад, ки 60 ҳазору 268 сарватманд бо маблағи умумии 8 триллиону 300 миллиард дорад. Дар маҷмӯъ ба иттилои «World Ultra Wealth Report» теъдоди мултимиллионерҳо дар ҷаҳон тайи як соли охир 0.6 дар сад афзоиш ёфта, ба 187 ҳазору 380 нафар расидаст. Тӯли ин муддат маблағи умумии онҳо 1.8 дарсад коҳиш ёфта, ба 25.8 триллион доллар баробар шудааст.

Ба панҷгонаи пешсафтарин кишварҳои соҳиби мултимиллионер Амрико, Чин, Бритониё, Олмон ва Ҳинд шомил гардидаанд. «World Ultra Wealth Report» мегӯяд, дар сурати дархост, ба мизоҷони эҳтимолиаш иттилои эксклюзивӣ дар бораи ҳаҷми сарвати шахсони алоҳида, пешкаш хоҳад кард. Аз хизматрасонии ин созмон зиёда аз 5 ҳазор ширкати ҷаҳонӣ, аз ҷумла 90 бонки калонтарини ҷаҳон истифода мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG