Пайвандҳои дастрасӣ

Занону кӯдакони ҷангиёни Осиёи Миёна дар асорати нерӯҳои афғон


Шаҳри Файзобод -- маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон.

Шаҳри Файзобод -- маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки шумори зиёде аз ҷангҷӯёни хориҷӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар пайи як амалиёт кушта, захмӣ ва боздошт шудаанд.

Гулмуҳаммади Бедор, муовини волии Бадахшони Афғонистон рӯзи 25 феврал дар сӯҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи амалиёти чанд рӯзи ахир дар ин вилоят, чандин тан аз ҷангиёни кишварҳои Осиё Миёна кушта шудаанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Ба гуфтаи муовини волии Бадахшон, амалиёти дуҳафтаинаи нерӯҳои амниятии афғон дар вулусволии Тагоби Бадахшон рӯзи гузашта поён ёфтааст.

Оқои Бедор гуфт, ки дар ин амалиёт даҳҳо тан аз ҷангиён, ки бештарашон шаҳрвандони хориҷианд, кушта шуда, шуморе захмӣ ва 18 тан аз аъзои хонаводаи ҷангиёни хориҷӣ боздошт гардидаанд. Ба гуфтаи муовини волии Бадахшон, 21 тан аз ҷангиён бар асари сардӣ ҷон бохтаанд ва чаҳор тани онҳо дар даргириҳо бо нерӯҳои амниятии афғон кушта шудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар миёни тақрибан 18 нафар аъзои боздоштшудаи хонаводаҳои ҷангиёни хориҷӣ, як зан аз Тоҷикистон, як зан аз Қирғизистон, се духтари ҷавон ва ҳафт писар мебошанд, мебошанд, ки рӯзҳои гузашта боздошт шуданд. Вай афзуд, ки субҳи имрӯз боз шаш кӯдаки дигар, ки аз чаҳор моҳа то ҳафтсола мебошанд ва маълум нест, ки падару модари онҳо фирор кардаанд ва ё кушта шуданд, боздошт гардидаанд.

Ин ҳам то кунун рӯшан нест, ки чӣ миқдор аз ин кӯдакони хурсол, фарзандони ҷангиёни тоҷик мебошанд. Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудагон ҳоло дар бемористони шаҳри Файзобод --маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Гулмуҳаммади Бедор дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди сарнавишти ин афрод гуфт, ки "вақте саломатии инҳо хуб шуд, усулан инҳо аз тариқи раёсати амнияти миллӣ ба сафоратхонаҳои худашон таслим мешаванд ва сафоратхонаҳо дар ин маврид тасмим мегиранд."

Боздошти ин афрод дар ҳолест, ки мақомоти афғон аз ин қабл аз ҳузури ҷангиёни кишварҳои Осиё Миёна дар манотиқи шимолии Афғонистон иттилоъ дода буданд. Вазъи амниятӣ дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Қундуз, ки бо вилоятҳои Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак доранд, тайи солҳои ахир рӯ ба вахомат ниҳодааст.

Боздошти афроди хонаводаи ҷангиёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Кобул 15 тан аз ҷанҷӯёни ӯйғуртабор аз вилояти Шинҷони Чинро, ки дар Афғонистон боздошт шуда буданд, ба Пекин таслим кард.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG