Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо 257 сомонӣ дар Тоҷикистон чӣ мешавад харид? ВИДЕО


Бонки Миллии Тоҷикистон аз таварруми бесобиқаи пули миллии сомонӣ хабар дод. Ба қавли мақомоти ин ниҳод, танҳо дар моҳи марти имсол мизони таваррум ба 1,5 дар сад расидааст. Дар маҷмуъ, мизони таваррум дар як соли ахир ба 7,3 дар сад баробар шуда ва уфти башиддати қурби пули миллии сомонӣ қобилияти харидории сокинонро низ коҳиш додааст.

Мунира Орзубекова дар як ҳафта як бор ҳамроҳи наберааш барои хариди маводи ниёзи аввалия ба бозор мераванд. Ӯ пас аз 32 соли кор дар корхонаи дӯзандагии “Гулдаст” ҳамакнун бознишаста аст ва аз давлат 257 сомонӣ нафақа мегирад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бо 257 сомонӣ пули нафақа дар Тоҷикистон чӣ харидан мумкин аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Ин дафъа Орзубековаро мо ҳамроҳӣ кардем, то бубинем, нафақаи ӯ барои хариди кадом маводи ғизоӣ мерасад. Пас аз 10-15 дақиқаи харид дар растаҳои бозор маблағи дар даст доштаи Мунира Орзубекова ба анҷом расид ва ӯ ҳамроҳи наберааш бо ду борхалтаи начандон бузург аз бозор берун шуданд.

Ин комиссия воқеияти бозорҳои кишварро дида, ба ҳукумат гузориш пешниҳод намояд, ки чанд дар сади ин таваррум ба бозор таъсир расондааст ва чигуна мешавад пеши роҳи онро гирифт.

“Ман ин маҳсулотро бо харҷи 210 сомонӣ харидам. Нарх хеле гарон. Як кило гӯшт 32 сомонӣ буд, 37 сомонӣ шудааст. Ман 257 сомонӣ нафақа мегирам ва барои хариди гӯшт зӯрам нарасид. Ҳамагӣ ним кило гӯшти қима, пиёзу картошка, кабудӣ ва... нон гирифтам”, - гуфт ӯ рӯзи 29 апрел ба Радиои Озодӣ.

Зимнан, ин танҳо Орзубекова нест, ки бо гарон шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамакнун наметавонанд барои худ ва аҳли оила ғизоӣ кофӣ бихаранд.

Таварруми бесобиқаи қурби пули миллии сомонӣ, ки бинобар эътирофи Бонки Миллӣ дар моҳи март ба 1,5 дарсад расидааст, қобилияти харидории мардумро дар Тоҷикистон ба шиддат коҳиш медиҳад. Ҳамакнун оилаҳое, ки аъзояшон гирандаи маоши миёна ҳастанд ва он дар Тоҷикистон ба 959 сомонӣ баробар аст, барои худ ғизои кофӣ харида наметавонанд ва дар хариди хӯрок ҳам даст ба сарфаҷӯӣ мезананд.

Коршиносон мегӯянд дар чунин шароит давлатро зарур аст, зиёне, ки таваррум ба ҷайби сокинон ворид кардааст, бо боло бурдани маошу нафақа ва ё индексатсияи он ҷуброн кунад.

Шамсиддин Ҷалолов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Дар инҷо ҳукумати Тоҷикистон метавонад, як комиссия таъсис диҳад. Ин комиссия воқеияти бозорҳои кишварро дида, ба ҳукумат гузориш пешниҳод намояд, ки чанд дар сади ин таваррум ба бозор таъсир расондааст ва чигуна мешавад пеши роҳи онро гирифт.”

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Ба қавли масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони 1,5 дар садии таваррум дар моҳи март дар гузашта собиқа надоштааст. Бинобар таҳлилҳои Бонки Миллӣ, мизони баланди таваррум дар моҳи сеюми сол асосан “аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи аҳолӣ, пеш аз ҳама сабзавот ва маводи сӯзишворӣ ба амал омадааст”.

Дар шарҳи ин вазъият Бонки Миллӣ мегӯяд, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди сабзавот ва вобаста ба мавсим кам шудани миқдори он ва коҳишёбии қурби пулли миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ боис ба боло рафтани мизони таваррум дар ҷумҳурӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG