Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 8 зина поён рафт


Тими миллии Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)

Тими миллии Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол), ки 8-уми август нашр шуд, бо 301 имтиёз мавқеашро 8 зина пойин кард ва дар мақоми 114-ум қарор гирифт.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15-ум ҷойгир шуда, дар миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 9-ум мебошад ва танҳо аз Озарбойҷон, Латвия, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон болотар меояд. Пеш аз Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Русия, Украина, Узбакистон, Арманистон, Беларус, Эстония, Гурҷистон ва Литва қарор гирифтаанд.

Тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави даста, рӯзи 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо мунтахаби Ҳиндустон, ки дар феҳристи FIFA дар мақоми 145-ум қарор дорад, бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Колумбия дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Аргентина, Ҳолланд, Италия, Португалия, Хорватия, Бразилия ва Белгия ҷойгир шудаанд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли ахир дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июн соли 2013 мебошад.

Рейтинги баъдии FIFA 12-уми сентябри соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG