Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар нимфинали Ҷоми Каспий аз Туркия шикаст хӯрд


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи IV байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку дар даври ниманиҳоӣ аз Туркия шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқа, ки рӯзи 3 июн баргузор шуд, футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд. Тӯби ягонаро футболбозони турк дар дақиқаи 67-ум вориди дарвозаи Тоҷикистон карданд.

Дар бозии дигари даврӣ ниманиҳоӣ дастаи Эрон тими наврасони ҷумҳурии Озарбойҷонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳамин тавр рӯзи 5 июн миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон сабқат барои соҳиб шудан ба мақоми савум ва чаҳорум баргузор мешавад. Худи ҳамин рӯз дастаҳои Туркия ва Эрон ба ҷойҳои аввал ва дувум бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 29-уми май бо дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1-1 анҷом дода буд. Ба як голи ҷопониҳо Сироҷиддин Гулмуродов, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар замони изофӣ (80+2) посух дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми сабқати гурӯҳи «С» рӯзи 30-юми май бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Се голро ба дарвозаи гурҷиҳо Муҳаммадҷони Ҳасан, 3 (1:0), Эҳсони Панҷшанбе, 30 (2:0) ва Худойдод Узоқов, 54 (3:0) ворид карданд. Як голро Алишер Сафаров (79) ба дарвозаи дастааш зад.

Ҷоми Каспий-2014
Даври 1-ум
Ҷопон – Тоҷикистон – 1:1
Голи Тоҷикистон: Сироҷиддин Гулмуродов, 80+2.
Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Эҳсони Панҷшанбе (Алишер Баротов, 70), Алишер Сафаров (капитан), Табрези Давлатмир, Абубакр Азимов, Сироҷиддин Гулмуродов, Худойдод Узоқов (Ҷамшед Махсумов, 65), Муҳаммадҷони Ҳасан (Ҳокимҷон Ҳасанов, 67), Кароматулло Саидов (Сӯҳроб Мирзоев, 75), Муҳаммадҷон Шарифов, Рустам Толибов (Собирҷон Гуляков, 40).

Даври 2-юм
Тоҷикистон – Гурҷистон – 3:1
Голҳо: Муҳаммадҷони Ҳасан, 3 (1:0), Эҳсони Панҷшанбе, 30 (2:0) ва Худойдод Узоқов, 54 (3:0), Алишер Сафаров, 79 – ба дарвозаи худ (3:1).
Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир, Сироҷиддин Гулмуродов, Абубакр Азимов, Эҳсони Панҷшанбе (Алишер Баротов, 70), Муҳаммадҷони Ҳасан (Ҳокимҷон Ҳасанов, 72), Худойдод Узоқов (Ҷамшед Махсумов, 76), Муҳаммадҷон Шарифов, Кароматулло Саидов (Сӯҳроб Мирзоев, 76), Собирҷон Гуляков (Рустам Толибов, 65).

Ҳайатҳои гурӯҳҳо чунинанд:

Гурӯҳи «А»: Озарбойҷон-1, Афғонистон, Булғористон.
Гурӯҳи «В»: Озарбойҷон-2, Қирғизистон, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Гурҷистон, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D»: Туркия, Узбакистон, Қазоқистон.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори севум ширкат дорад. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар сабқати гурӯҳи «D» дар нахустин бозиашон аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3, дар бозии дувумашон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.

Баъдан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии севуми худ барои ҷойҳои 9-12-ум бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии чаҳорум ва охиринашон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, мақоми 9-умро касб карданд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Туркия барандаи Ҷоми Каспий-2013 гардидааст. Мунтахаби Туркия дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон - Озарбойҷон бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Дар бозӣ барои ҷойи севум мунтахаби Ҷопон бар тими Гурҷистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ 0:0) ғолиб омад.

Мавқеи 12 дастаи мунтахаби наврасон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2013: 1. Туркия. 2. Озарбойҷон. 3. Ҷопон. 4. Гурҷистон. 5. ИМА. 6. Узбакистон. 7. Уругвай. 8. Булғористон. 9. Тоҷикистон. 10. Қирғизистон. 11. Урдун. 12. Қазоқистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG