Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон боз як қонуни афв таҳия мешавад


Раҳоии зиндониён баъди қонуни афви соли 2014

Раҳоии зиндониён баъди қонуни афви соли 2014

Дар назар аст, дар соли ҷорӣ дар иртибот ба 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон қонуни ҷадиди афв таҳия ва тасвиб шавад.

Тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар назар аст, дар соли ҷорӣ дар иртибот ба 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон қонуни ҷадиди афв таҳия ва тасвиб шавад.

Як манбаъ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ин мавзӯъ дар ҷараёни мулоқоти Рустам Шоҳмурод, вазири адлия бо Ҳю Филпот, сафири Британия дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 22 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қавонини ин кишвар тарҳи қонуни афв аз ҷониби ҳукумат таҳия шуда ва тавассути раиси ҷумҳурӣ барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон ироа мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Ватанов, вакилони парлумон, аз ҷумла, худи ӯ дар раванди таҳияи қонуни афв ширкат накардаанд ва пас аз ворид шудани тарҳ ба Маҷлиси намояндагон нахуст ин санад дар кумитаҳо ҳамаҷониба баррасӣ шуда ва сипас, барои тасвиб ба иҷлоисия пешниҳод мегардад.

Дар сурати тасвибаш ин 15-умин қонуни афв хоҳад буд, ки дар 24 соли истиқлоли Тоҷикистон тасвиб мешавад.

Охирин қонуни афв дар кишвар дар моҳи октябри соли 2014 дар иртибот ба 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуда ва бар асоси он беш аз 10 ҳазор зиндонӣ ва афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф мавриди афв қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, тибқи ин санади ҳуқуқӣ, маҳбусони зан, мардҳои синни болои 55 сол, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанию ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, осебдидагон бар асари безарарсозии фалокати неругоҳи атомии Чернобил, зиндониёни мубталои бемориҳои саратон, сил,қалб ва ҷавонони аз хидмати сарбозӣ саркашидакарда афв гардиданд.

Вале афроде, ки ҷиноятҳои вазнине чун одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба ватан, талош барои ғасби ҳокимият , даъват барои тағйири низоми давлатӣ аз тариқи зӯр, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва терроризм ба ин феҳрист шомил нашуданд.

Бад ин тартиб, зиндониёни саршиносе назири Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини ширкати “Тоҷикгаз” ва раҳбари ҳизби демократ ва Зайд Саидов, соҳибкори маъруф бар асоси Қонуни афви соли 2014 аз маҳбас озод нагардиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG