Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА на боло рафт, на поён


Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА мавқеашро дар мақоми 135-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки имрӯз, 18-уми декабр, нашр шудааст, бо 215 имтиёз мавқеашро дар байни 209 тими миллӣ дар зинаи 135-ум нигоҳ дошт.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (ҷойи 139-ум), Туркманистон (ҷойи 147-ум) ва Қирғизистон (ҷойи 152-ум) боло ҷойгир шудааст. Мунтахаби Украина, ки дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 25-ум қарор дорад. Баъдан Русия мақоми 31-ум ва Узбакистон мақоми 74-умро касб кардаанд.

Мунтахаби Олмон дар феҳристи нави ФИФА бо 1725 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1538 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1450 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ тағйир наёфтааст (ҷойи 19-ум). Дар ин қора тими миллии Эрон (51) пешқадам аст. Мунтахаби Ҷопон (54) дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ (69) дар ҷойи севум мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG