Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин истеъфои як раиси федератсияи варзишӣ дар Тоҷикистон


Исматулло Хоҷаев аз мақоми раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон бо хоҳиши худ истеъфо додааст. Вай ба ин вазифа 4-уми апрели соли 2015-ум интихоб шуда буд. Исматулло Хоҷаеви 51-сола дар муддати 25 соли фаъолияти худ дар Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби кишвар, дабири кулл, муовини раис ва раиси федератсия кор кардааст.

Зимнан, Исматулло Хоҷаев дар байни раисони федератсияҳои миллии варзишии Тоҷикистон аввалин шуда барои иҷро нашудани нақшаҳо бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст. Вай дар як суҳбати ихтисосӣ ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух дод.

"Агар роҳхат нагирем, истеъфо медиҳам"

Радиои Озодӣ: Чаро Шумо аз вазифаи худ истеъфо додед?

Хоҷаев: Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад. Якуним сол раиси федератсия будам. Вақте ки маро раис интихоб карданд, ман гуфтам, ки агар бачаҳои мо муваффақ нашаванд, яъне ба Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳхат нагиранд, соҳиби медал нашаванд, ман аз вазифаам истеъфо медиҳам. Мутаассифона, варзишгарони мо дар мусобиқаи интихобии олимпӣ роҳхат ба даст оварда натавонистанд. Ман ариза навиштам ва хоҳиш кардам, ки маро аз вазифаам озод кунанд.

Чаро варзишгарони тоҷик ноком шуданд?

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо иллати ба даст наовардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио дар чист?

Хоҷаев: Бояд гуфт, ки талабот барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ хеле сахт шудааст. Пештар мо ду мусобиқаи литсензионӣ доштем, яке мусобиқаи ҷаҳонӣ ва дигаре мусобиқаи қитъавӣ. Ҳоло танҳо як мусобиқаи қитъавӣ мондааст. Дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ танҳо барандагони ҷойҳои якуму дуюм соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешуданд. Варзишгарони мо Алишер Гулов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 кило байни мардон ва Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни беш аз 67 кило миёни занон дар мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Филиппин баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Вале дар ин мусобиқа танҳо мардону заноне, ки ҷойҳои 1-2-юмро гирифтанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд. Варзишгарони мо бошанд, аз имконияти худ истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио маҳрум гаштанд. Талабот пештар осонтар буд. Дар мусобиқаи қитъавӣ Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, ки мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро гирифта буданд, дар Олимпиадаи Лондон иштирок карданд.

Чӣ бояд кард?

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба, барои он ки варзишгарони тоҷик дар ин ришта минбаъд муваффақ шаванд ва роҳхатҳои олимпӣ ба даст биёранд, чӣ бояд кард?

Хоҷаев: Албатта барои ширкати муваффақонаи варзишгаронамон дар мусобиқоти байналмилалӣ мо ба кӯмаку дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва сарпарастон ниёз дорем.

Радиои Озодӣ: Дарвоқеъ, киҳо дар федератсия ҷойгузини Шумо шуданд ва корро идома медиҳанд?

Хоҷаев: Ба ҳайати роҳбарияти федератсия мутахассисони ҷавон омадаанд. Ҷаҳонзеб Қармишев раиси федератсия, Алишер Гулов муовини раис ва Манучеҳр Хуморов котиби генералӣ интихоб шудаанд. Умедворем, ки ин ҷавонон кори федератсияро бомуваффақият пеш мебаранд. Ба онҳо, ки шогирдони банда ҳастанд, муваффақият орзу мекунам. Ман ҳам ба онҳо кӯмак мекунам ва ҳамчун мураббӣ шогирдони нав омода месозам. Якҷоя кӯшиш мекунем, ки ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио се - чор роҳхат ба даст биёрем.

Радиои Озодӣ: Оё Шуморо низ ба кори федератсия ҷалб кардаанд?

Хоҷаев: Маро, ки дар Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон аз соли аввали таъсисёбии он, яъне аз соли 1992 хидмат мекунам, раиси фахрии федератсия интихоб карданд. Мекӯшам, ки таҷрибаи бузурги худро ба ҷавонон омӯзонам.

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна шароит барои рушди ин намуди олимпии варзиш дар кишвар мавҷуд аст?

Хоҷаев: Шароит сол ба сол беҳтар мешавад. Аз Кумитаи олимпӣ миннатдорем, ки барои варзишгарону мураббиён семинарҳо ташкил мекунад. Умуман, пешравӣ ба назар мерасад.

Мураббиёни хориҷӣ дар таэеквондои Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Оё барои рушди минбаъдаи таэквондо ВТФ дар Тоҷикистон Шумо мутахассисони хориҷиро низ ҷалб мекунед?

Хоҷаев: Бале, мо чанд соли ахир бо мутахассисони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ватани таэквондо ВТФ аст, сару кор мегирем. Дар айни ҳол дар федератсия мураббии мушовир Чон Чонг Фи аз Кореяи Ҷанубӣ кор мекунад, ки ӯ дар Бозиҳои осиёӣ дар Инчон мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд. Дар ин бозиҳо варзишгарони мо Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳалимова се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Аввалин истеъфои як раиси федератсияи варзишӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Радиои Озодӣ: Мавсими имсолаи варзишӣ ба поён мерасад. Таэквондочиёни тоҷик соли ҷорӣ ба чӣ гуна дастоварде мушарраф шудаанд?

Хоҷаев: Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо ВТФ, ки моҳи апрел дар шаҳри Манилаи Филиппин баргузор шуд, варзишгарони мо ду медал - як медали нуқра ва як биринҷӣ - ба даст оварданд. Моҳрӯ Ҳалимова дар сабқати занон дар вазни беш аз 73 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали дувумро ба Тоҷикистон Фарҳод Неъматов овард. Ӯ дар сабқати мардон дар вазни то 80 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Радиои Озодӣ: Дар бораи мусобиқоти соли оянда каме иттилоъ бидиҳед.

Хоҷаев: Соли оянда мусобиқоти зиёд баргузор мешавад, ки дар онҳо ширкати варзишгарони мо дар назар аст. Чунончи, мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ва мусобиқаи аслӣ қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад. Варзишгарони номдори мо Фарҳод Неъматов ва Моҳрӯ Ҳалимова ба ин мусобиқот омодагӣ мебинанд.

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат.

XS
SM
MD
LG