Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон бо пайвастан ба як эъломияи байналмиллалӣ, ҳаққи интиқоли партовҳои зарарнок ба хориҷи кишвар ва нобудсозии онҳоро пайдо кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 13-уми май қарори ҳукумати кишвар дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба Эъломияи Базел "Оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо"-ро тасдиқ кард. Тасвиби Эъломияи Базел "Оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо "аз ҷониби парлумони Тоҷикистон бо дархости президент сурат гирифт ва ҳукумат ба таври рамзӣ барои ин 100 доллари амрикоӣ ҳаққи узвият супурдааст. Худи эъломия рӯзи 22 марти соли 1989 қабул шуда, то имрӯз онро 185 кишвари ҷаҳон дастгирӣ кардаанд. Ҳадафи он – ҳифзи инсон ва муҳити зист аз таъсири бади партовҳои хатарнок мебошад.

Олимҷон Бобоев.

Олимҷон Бобоев.

Олимҷон Бобоев, раиси Комиссияи экологияи Маҷлиси намояндагон дар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло бештари партовгоҳҳои хатарнок дар вилояти Суғд вуҷуд доранд, ки замони шӯравӣ дар натиҷаи коркарди конҳои уран ба вуҷуд омадаанд. Бобоев мегӯяд, партовҳои хатарноки кимёвии боқимонда дар таркиби худ маводе доранд, ки Тоҷикистон тавони нобудсозии онро надорад ва то имрӯз наметавонист онҳоро барои нобудсозӣ аз кишвар ба берун интиқол диҳад.

Бобоев мегӯяд, “агар ин конвенсия аз як сӯ интиқоли чунин партовҳои хатарнок ба минтақаҳои берун аз сарҳадро иҷозат диҳад, аз тарафи дигар барои дарёфти маблағҳои иловагӣ ба хотири тоза нигоҳ доштани муҳити зист аз таъсири партовҳои хатарнок, мусоидат мекунад. Аммо қабл аз ҳама бояд ҷониби Тоҷикистон вобаста ба он мушкилие, ки дар роҳи нобудсозии партовҳои хатарнок дар ин кишвар вуҷуд дорад, онро ҳамчун як барнома таҳия карда пешниҳод намояд.”

Ҳоло танҳо дар атрофи шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ)-и вилояти Суғд панҷ анбори партовҳои радиоактив ва кони хароби уран қарор доранд, ки аз Шӯравии собиқ ба Тоҷикистон ба "мерос" мондаанд. Ин шаҳр дар охирҳои соли 1940 бунёд шуда ва аз пӯшидатарин шаҳрҳои кишвар ба шумор мерафт. Бештари сокинон дар кони уран кор карда ва барои муҳаррики мушакҳои балластикии шӯравӣ ашёи хом тайёр мекарданд. Маҳз аз ҳамин урани Табошар нахустин бомбаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст. Дар ҳоли ҳозир бузургтарини ин партовгоҳҳо, дар минтақаҳои Истиқлол ва Деҳмой гӯрношуда ва боз боқӣ мондаанд.

Ҳоло корҳои зери хок кардани партовгоҳи Деҳмой, ки дар майдони 90 ҳектор ҷой гирифта ва 38 миллион тонна маводи радиоактив мавҷуд аст, идома дорад. Дар маҳали партовгоҳ мизони шуои радиоактив ҳудуди 3 ҳазор микрорентген дар як соатро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ чандсад баробар зиёд аст. Ба манзури пешгирӣ аз паҳн шудани чанги радиоактив ба болои партовгоҳ, қабати якунимметраи хок рехта шудааст.

Аммо сокинони ин минтақа мегӯянд бо вуҷуди руйпӯш кардани партовгоҳҳои кимиёии корхонаҳои бузург, худи мушкил аз байн намеравад. Моҳира Давлатова, як сокини деҳаи Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, ҳоло ин партовҳои хатарноки минтақаи Деҳмой вазъи экологиро дар минтақа вайрон ва ҳолатҳои гирифторшавӣ ба маризиҳои мухталифро бештар мекунад.

Партовгоҳи радитсионии Деҳмой бузургтарин чунин партовгоҳ дар Осиёи Марказӣ буда, мутахассисони муҳити зист дар навбати аввал безараргардонии ин партовгоҳи радиатсионии шимоли Тоҷикистонро таъкид кардаанд. Дар зарфи 20 соли охир созмонҳои русӣ ва байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар безарарсозӣ ва гӯрондани маводи радиоактив ваъдаи кӯмак медиҳанд. Аммо ин ваъдаҳо амалӣ нашудаанд.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол мизони хатари ин партовгоҳи радиоактив тақрибан мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Дар мавриди олудагии оби зеризаминӣ ва таъсири партовгоҳ ба муҳити зисту саломатии сокинони маҳаллӣ, инчунин, омори бемории саратон дар ноҳияҳои атрофи партовгоҳ иттилое вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG