Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айбнома алайҳи Махсуми Абдусаттор


Дар моҳи сентябри соли гузашта 13 фаъоли ҲНИТ боздошт шуданд
Дар моҳи сентябри соли гузашта 13 фаъоли ҲНИТ боздошт шуданд

Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот алайҳи боз ду узви раёсати олии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ айбнома эълон карда, онҳоро дар терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва... қаллобӣ муттаҳам кардаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи Абдусаттор Каримов, маъруф ба номи Махсуми Абдусаттор - узви раёсати олии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ айбнома эълон кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Махсуми Абдусаттор бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "терроризм", "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ", "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил" – айбдор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, 20 январ наздикони Раҳматуллои Раҷаб, узви дигари раёсати олӣ ва раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияҳои тобеи пойтахт дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки айбнома алайҳи ӯ низ эълон шудааст. Ба қавли онҳо, айбномаи оқои Раҷаб аз 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ иборат буда, ӯ бар замми моддаҳои марбут ба терроризму иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ, барои "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" низ муттаҳам мешавад.

Наздикони Раҳматуллои Раҷаб мегӯянд, зоҳиран парвандаи ӯ ва Махсуми Абдусаттор барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуда, онҳо аз ҷузъиёти аз ин бештараш хабар надоранд. Рӯзи 18 январи соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ Шермуҳаммади Шоҳиён – раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки парвандаи аъзои раёсати олии ҲНИТ махфист.

То кунун аз 13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 16 сентябри соли гузашта ба иттиҳоми терроризм ва даст доштан дар исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ боздошт шуданд, танҳо ба Абдуқаҳҳори Давлат, узви раёсати олии ҲНИТ расман иттиҳом ворид нагардидааст.

Дар аввали моҳи ҷорӣ, Зубайдуллоҳи Розиқи 72-сола, узви шӯрои сиёсӣ ва раҳбари бахши илм ва кор бо уламои ҲНИТ дар ширкат дар иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалагроӣ ва ё динӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва ба таври ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил муттаҳам шуд. Аз он пештар айбномаи Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳайит, Зарафо Раҳмонӣ, Қиёмиддини Аваз, Воҳидхон Қосиддинов низ тавассути наздикону вакилони дифоашон ба расонаҳо роҳ ёфта буд.

Рӯзи 29 сентябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил карда ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар расман манъ кард. Аммо масъулони ҲНИТ бо шумули Муҳиддин Кабирӣ ин иттиҳомро рад карда ва мегӯянд, ки ин исён танҳо баҳонае барои бастани ҳизби умдат мухолифи давлат шудааст.

То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани ба камияш як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябри соли гузашта Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли гузашта боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG