Пайвандҳои дастрасӣ

Бо он ки ҳар сол қариб 40 000 нафар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро хатм мекунанд ва садҳо тани дигар дар хориҷа соҳиби диплом мешаванд, кишвар мегӯяд, дар риштаҳои муҳим мутахассис надорад.

Як таҳқиқи эҳтиёҷи корфармоён ба мутахассис дар Тоҷикистон нишон додааст, ки ҳоло масалан ширкати «Барқи Тоҷик» барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва идораи нерӯгоҳҳои нави Сангтӯда муҳандису мутахассис надорад. Ҳамчунин ширкатҳои бинокор мӯҳтоҷи мутахассисоне ҳастанд, корҳои мураккабро анҷом дода тавонанд, масалан системаҳои ҳавокаширо насб кунанд.

Дар ноҳияҳо «агроном»-ро аз ёд бурдаанд ва деҳқонон бо усулҳои бобоӣ ва бо азобу машаққат зироат мепарваранду ҳосили ночиз мегиранд. Аҳвол на фақат дар ин арсаҳо, балки дар тамоми соҳаҳо ҳамингуна будааст ва инро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ахири Шӯрои амният ошкору возеҳ ва бо асабоният эътироф кард: «Акнун давлат бунёд карда истодаем, акнун давлати миллӣ бунёд карда истодаем. Дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт кадрҳо намерасанд, мутахассисон намерасанд. “

Баъди шурӯи фирори мағзҳо аз Тоҷикистон ва ба Русияву дигар ҷойҳо рафтани ҳазорон мутахассиси варзидаи соҳаҳои энергетикаву саноат ва тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон дар андешаи пур кардани ҷойи онҳо шуд, вале бо гузашти солҳо ба ин мақсадаш ноил нагашт.

ТОҶИКИСТОНИ ТАШНАИ КАДР

Омори дақиқе, ки нишон диҳад, дар кадом соҳаи Тоҷикистон чанд мутахассис намерасад, нашр нашудааст, вале эълони кордиҳандаҳо дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вазъро андаке бозгӯ мекунад. Ҳоло ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои давлатии Тоҷикистон барои 6100 коргару мутахассис ҷойи кор доштаанд ва мунтазири корманд будаанд. Бештар аз ҳама соҳаи тандурустӣ ба кормандон ва бахусус 3000 табибу парастор эҳтиёҷ доштааст.

Соҳаи саноат бо корхонаҳои хурду калонаш мӯҳтоҷи бештар аз 1700 корманд, аз ҷумла геологу, иқтисоддон аст ва ба осонӣ ҳам пайдо намекунад. Дигар ширкату корхонаҳову бонкҳо низ чашм ба роҳи муҳосибон, муҳандисон ва меъмору агрономҳо будаанд. Мисли шифохонаҳои Бадахшон, ки барои аҳолии 200 ҳазорнафарии он танҳо 6 табиби саратоншинос кор мекунад ва беморон то 400 километр масофаро тай карда, барои муоина ба назди онҳо ба шаҳри Хоруғ меоянд. Ҷамила Худоёрова, раҳбари Маркази саратоншиносии вилоят: “Дар ноҳияҳо ҷарроҳон кори табибони саратоншиносро иҷро мекунанд.“

Соли гузашта дар мактабҳои кишвар курсии 1200 муаллим, бахусус омӯзгорони фанҳои дақиқ холӣ буд ва тақрибан 4700 муаллиме, ки барои Тоҷикистон донишҷӯ тайёр мекарданд, худашон донишгоҳ нахондаанд. Аз ҳамин сабаб ҳоло дар мактабҳои муаллими забони тоҷикӣ ба шогирдон дарси забони русӣ ҳам медиҳад ва тарбияи ҷисмониро ба ӯҳдаи муаллими риёзӣ гузоштаанд.

Ингуна норасоӣ дар тамоми соҳаҳо дар ҳолест, ки солона тақрибан 40 000 нафар бо 287 ихтисос ва бо дипломҳои кабуду сурх донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм мекунанд ва роҳии бозори кор мешаванд. Бахти баъзеҳо баландӣ мекунад ва агар дониш дошта бошанд, дар дохил бахусус дар ширкатҳои хусусӣ ҷой меёбанду мемонанд ва баъзеи дигар худро бо “воситабозӣ” дар ниҳодҳои давлатӣ ҷой мекунанд, ки кори сердаромад ба ҳисоб мераванд.

ДИПЛОМ БАРОИ САНДУҚ

Шумори зиёде аз хатмкунандагони донишгоҳҳо ҷойи кор намеёбанд ва дипломашонро дар сандуқ мемонанду роҳии Русия мешаванд, то он ҷо ҳар коре, ки пеш омад иҷро кунанд. Вале аксарияти онҳое ҳам, ки хатм мекунанд, ба эътирофи худи устодони донишгоҳҳо мутахассиси воқеӣ нестанд, зеро сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба ҳама маълум аст. Манзура Ҷӯраева, раҳбари Маркази таълимии “Мултикид”, ки ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад, дар ин бора мегӯяд: “Пеш аз ҳама мо бояд дар бораи сифати таълим дар донишгоҳҳо фикр кунем. Чунки мутахассисоне, ки донишгоҳҳоро хатм мекунанд, омода нестанд, ки кору фаъолият кунанд ва фоида биёранд ба Тоҷикистон. Дипломҳои онҳо ба касе лозим нест.”

Барои пур кардани ҷойҳои холӣ ва омода кардани мутахассиси сатҳи байналмилал, ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои 90-ум фиристодани ҷавононро барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ шурӯъ кард. Дар соли ноороми 1994-ум 59 нафар ба Чину Эрону Туркияву Олмону рафтанд ва ин шумора сол то сол афзуд ва дар соли гузашта аз марзи 3500 нафар гузашт. Эҳсон Хушвақтов, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати маориф: “Соли 2014 мо 3685 нафарро ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристодем.”

Ҳукумати Тоҷикистон бо харҷи даҳҳо миллион доллар, то соли 2013 зиёда аз 7000 ҷавонро ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристод ва қариб 2800 нафарашон хатм кардаанд. Бар иловаи ин, дар 5 соли гузашта вазорату ташкилоту корхонаҳо бештар аз 4000 нафарро барои таҳсил ва ё такмили ихтисос ба хориҷ фиристодаанд, то баргашта, ба халқу мардуми худ кишвар хидмат кунанд. Вале теъдоде аз онҳо, зиндагии дигар дар Аврупову Амрикову ва ҳатто Русияро дида, ба Тоҷикистон барнагаштаанд, зеро музди кор дар ватан онҳоро қонеъ намекунад.

РЕША ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Ҳоло 52 дар сади онҳое, ки донишгоҳҳоро хатм мекунанд, ихтисоси гуманитарӣ ва иҷтимоӣ доранд, ё ҳуқуқшинос ҳастанд, ё филологу таърихшиносу омӯзгор. Барои арсаи кишоварзӣ, ки бахши умдаи иқтисоди Тоҷикистон аст, фақат 3 дар сад мутахассис омода мешавад.

Дар ҳоле, ки дар кишвар сохтмони бинову иншооти бузург ба мисли нерӯгоҳҳо дар ҷараён аст, танҳо 15 дар сади донишҷӯён бо ихтисоси муҳандису меъмор хатм мекунанд. Аммо вазъ на дар ҳама бахшҳо бад аст. Дар соҳаи мухобирот ва ё телекоммуникатсия захираи кофии кадр мавҷуд будааст. Дар арсаи бонкдорӣ ҳам, ба гуфтаи намояндагони соҳа мутахассисони кордон басандаанд.

Абдулло Қурбонов

Абдулло Қурбонов

Абдулло Қурбонов, мудири иҷроияи муассисаиқарздиҳии “Алиф капитал”: “Ман гуфта наметавонам, ки кормандони молиявии дараҷаи аввал дар Тоҷикистон кам бошанд. Вақте мо аввали соли равон 4 вакансия эълон кардем, барои инҳо зиёда аз 400 кас муроҷиат кард. Вале ба ҷои ҷустуҷӯи мутахассисони тайёр мо онҳоеро, гирифтем, ки донишгоҳро нав хатм кардаанд ва хостем худамон аз онҳо мутахассис тайёр кунем. “

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои ангуштшумори ҷаҳон аст, ки тайи чанд соли ахир рушди босуръат ва солонаи 8 дар садӣ доштааст, вале натавонистааст, барои эҳтиёҷи ин иқтисод мутахассисони зарурӣ омода кунад. Дар як таҳқиқи тозаи бонк намояндагони 37 дар сади корхонаҳо гуфтаанд, ки агар кормандонашон саводу малака ва таҷрибаи кофӣ медоштанд, даромади корхона ва ҳосилнокии корашон ба маротиб беҳтар буд.

Давлати Тоҷикистон соли 2012 барномаи рушди маорифро то соли 2020 қабул кард ва гуфт, ки маориф барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳо шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ нақши азиме дорад ва бояд ислоҳ шавад. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, агар тарзи таълиму тарбия дар мактабҳо ва ба воя расонидани мутахассисон ба ҳамин шакл идома кунад, то расидан ба ин се ҳадафи стратегии Тоҷикистон роҳи дарозе дар пеш аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG