Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 13-уми феврал, нашр гардид, бо 285 имтиёз се зина боло шуд ва дар мақоми 110-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 14-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Латвия (111), Қазоқистон (128), Туркманистон (129) ва Қирғизистон (148) боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина (18), Русия (22), Арманистон (30), Узбакистон (57), Беларус (82), Эстония (91), Озарбойҷон (93), Литва (102), Гурҷистон (103) ва Молдова (107) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини ФИФА дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин бо 1506 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Португол, Колумбия, Швейтсария, Уругвай, Италия, Бразилия ва Ҳолланд ҷойгир шудаанд.

Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон (38) пешқадам аст. Баъдан миёни даҳгонаи аввал Ҷопон (50), Австралия (53), Узбакистон (57), Имороти Муттаҳидаи Араб (58), Кореяи Ҷанубӣ (61), Урдун (69), Арабистони Саудӣ (75), Умон (80) ва Чин (88) қарор доранд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Мӯҳсин Муҳаммадиев дар охирин бозиаш, ки дӯстона буд, рӯзи 15-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Бишкек бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад. Ба гуфтаи Муҳаммадиев имсол 7 бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG