Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Яман дар ду сол 10 ҳазор нафарро қурбон кард


Яман- ҷангиёни ҳусӣ
Яман- ҷангиёни ҳусӣ

Дар ҷараёни низои мусаллаҳона дар Яман, аз соли 2014 то ҳол дастикам 10 ҳазор нафар қурбон шудааст. Даргириҳо дар қаламрави ин кишвар дар байни шӯришгарони шиамазҳаби ҳусӣ ва нерӯҳои эътилофи таҳти сарварии Арабистони Саудӣ ҷараён доранд, ки аз ҳукумати ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Раҳбари Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯмакҳои башардӯстона Ҷеми Макголдрик гуфт, ки шумори воқеии кушташудаҳо шояд аз ин бештар бошад. Ӯ теъдоди нафаронеро, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона захм бардоштаанд, 40 ҳазор нафар гуфт.

Ҷангҳо дар байни ҳусиҳо ва эътилофи таҳти сарварии Саудӣ моҳи марти соли 2015 дар ҳоле шиддат гирифт, ки ҳавопаймоҳои муттаҳидин ба хотири таҳкими ҳукумати эътирофшудаи Яман мавқеи шӯришгаронро бомбаборон карданд.

XS
SM
MD
LG