Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии футзал дар ҷойи 57-ум


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ҷаҳонӣ дар ҷойи 57-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҷойи 9-ум буда, аз Гурҷистон, Литва, Молдова, Туркманистон, Арманистон ва Эстония пеш аст.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтик дар феҳристи ҷаҳонӣ: 4. Русия. 8. Украина. 15. Озарбойҷон. 18. Беларус. 24. Узбакистон. 35. Қазоқистон. 37. Қирғизистон. 49. Латвия. 57. Тоҷикистон. 64. Гурҷистон. 65. Литва. 68. Молдова. 74. Туркманистон. 76. Арманистон. 105. Эстония.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ мунтахаби Бразилия дар ҷойи аввал, Испания дар ҷойи дувум ва Италия дар ҷойи севум мебошанд. Ба даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Русия, Португалия, Аргентина, Эрон, Украина, Ҷопон ва Парагвай дохиланд.
XS
SM
MD
LG